Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

«Мо аз Росу ёд гирифтем паймон кардану вафо накарданро…»
Ин бор раҳо карду надошт: «Хоин!»
Росу дар ҳаво ғел гашта-ғел гашта фурў омад ва қариби ба замин расидан як чанголи гирову қавӣ дошту бардошт. Дили Росу аз задан бозистод. Ҳуш ҳам надошт. Лек Мушгир бол афшонда-бол афшонда болотар мебаромад ва сўйи кўҳ рафт. Рафт-рафту тори шахи чуккаи миёни Дуоба, ки чун ҷазира метофт, нишаст ва Росу аз дарди пойи шикаста, ки гоҳи дар ҳаво фурў рафтан ғами ҷонро неву ғами пойи шикастаро мехўрд, андаке ба худ омада, чашм кушод, хешро дар панҷаи қавӣ дарёфт, ки рўйи санги сахт пахш мекард. Андаке дуртар ё пасттар садои чу-чуйи чўҷа баромад.
Росу умеди зиндагӣ кард. Аммо Мушгир худро аз сари шах паст партофта дар хамие нишаст, ки садои чўҷаҳояш меомад. Рўйи шохчаҳои лона нишаст. Чўҷаҳоро аз назар гузаронд. Онҳо гарданак зада даҳон кушоданд ва ба назар аз ҳама ҷойи барҷаставу намоёнашон чашмони нимкофашон буд. Сихпар доштанд. Оча мушро аз зери панҷа ба нўл гирифта назди чўҷаҳо дароз кард.
Онҳо ҳаросиданд ва худро пас кашиданд. Зеро чунин муши азим ва дигаррангро бори нахуст медиданд.
Мушгир баргардонд мушро зери чангол ва пурсу посухро басанда ё нописанд дониста, нахуст минқор ба чашмони душман зада кўр кард ва рўболо гардонида, аз пўсту пардаи шикамаш анбўросо дошта, сахт кашид. Муш «чу!» на, балки «чир!» гуфт, ки дарду озору алам ва ҳам зориву таваллоро мефаҳмонд. Аммо ба бозхост ҷавоб нагирифта, чўҷаҳои тарсу шерак гаштанд. Баробари очаашон нўл ба пўсти муш зада мўйҳои рангаашро кандаканда мегирифтанд; ғашовар буданашро дониста «туф!» мекарданд, Валек чун аввалин пораи гўштро оча ба даҳони возашон гузошт, бо зўрӣ фурў бурда, бомазза буданашро дониста аз нав даҳон кушоданд. То ин вақт чўҷаҳоро аз гулўву даҳонаш хўрок медод: чанд паррандаву чарранда – мору калтакалосу мушро дошта, хўрда дар ҷиғилдонаш нимҳазм меовард ва чўҷаҳо бо навбат сар ба даҳони оча фурў дода хўрдаи ўро аз ҷиғилдон кашида мегирифтанд ва Мушгир боз парвоз карда ба шикор мерафт. Агар харгўш сайд кунад, он рўз баччаҳоро ид буд. Ҳолиё мушро зинда оварда, бо душман чӣ кор карданро ёд дод; инчунин чӣ хел канда-канда хўрдани гўшти сайдро.
Мири мушон дер нигарон шуд омадани ўро. Аз ангорааш
дараке набуд. Ҷосуро пеш хонд. Ҷосу фармуд, ки ин ба шумор
ҳафтумин бувад, ки беному нишон шуд. Росу ғамӣ гашт, ки ин
ҳама аз барои ўст; ўро қасд карда, сингорашро рабоянд: «Аз
боргоҳ набаромаданам дуруст будааст». Шукргузорӣ кард дар
дил ва Ҷосуро фармуд, то Росуҳои нав созанд: «Аз нохондаҳо ва ҳатўлҳо набошанд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор