Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Намедиҳанд. Маҷбур мешавӣ, ки дуздӣ!» Ҳолиё Росу ҳамин амалиётро бо шабеҳони худ мегузаронад.
Онҳо азоби гўрро кашанд ҳам, барои Росу шудан ва боифтихор гаштан, хушомад заданҳои косалесонро дидан ва барои бисёр имтиёзҳои дигар ба азоби сахт, ҳатто ба мурдан розӣ мешаванд.
Ин корро худи Росу намекунад. Чунки дилаш мезанад. Қассобҳо мекунанд ин корро. Лек мушони тарсончак ба Росу қариб монанд бошанд ҳам, худро ба нодонӣ зада, ҳақиру нотавон вонамуд карда, аз садои ҷаззас сўхтани мўву пўсту гўшт эмин мемонанд. Песаи Росу маълум. Лек вақтҳои меҳмон пазируфтан бо як пўстаки ба шакли тангаи дутина гирдак бурида он ҷоро мепўшонад. Дар базмҳои бузург, барои он ки Росу яккаву ягона бошад, дигарон ҳам бо пўстакча ҷойи доғро мепўшанд. Вале он мўйи росуворона ранг нагирифта песаи нимҳол барин маълум мемонад. Чунки ин пўстҳоро аз пўсти каломушҳои мурда гирифта, ба ранг кардан хушашон наомадааст. Дарбеҳи Росу аз пўсти рони худаш.

Пояи ҳайкали қаҳрамони сарпарида чандон хуш наомад Росуро. Заминаш сахт. Аз ин ҷо то қаър сўрохи муш кофта коху кўшк сохтан ҳам имкон надорад. Аз рўйи нақша аз лаби рўд то Морг ҳам нақб кандан душвор. Ҳамин хел амр шуда буд баъди дар роҳи қирпўши байни наҳру Морг зери чархи мошинҳо монда мурдани мушони қоидаи роҳи ин ҷоро надониста. Зеро дар мамлакати онҳо мошинҳо бо тарафи чапи роҳ мегарданд, дар Сангистон бо тарафи рости роҳ. То сарфаҳм рафта роҳгардиро ёд мегиранд, ки як муш намемонад. Росу сахт азо гирифтааст. Аз тарафи дигар то кай сари поя менишинад. Ҷойи бароҳат ёфта зиндагӣ карданаш лозим. Болотар ҷўгиҳо назди мағозаи сари марза ҷамъ мешаванду аз он ҷо ба ҳар сў мераванд. Ва пеш аз идҳои бузург дар он ҷойи ҳамвор ярмаркаҳйои кашоварзӣ барпо мегардад, хоҷагиҳо ҳеҷ чиз надошта бошанд ҳам, аз бозорҳо ё дигар давлатҳо ҳар чиз харида, барои навбаташонро гузаронидан савдо мекунанд, ғалларо камфоида дониста, наоранд ҳам, пиёзи нешкашида ё себи пўсида меоранд. Аз ин рў Росу зерхонаи кушоди мағозаро дид кард, то ба он ҷо кўчанд, Ҷосу рой надод: «Он ҷо барои шумо намешавад, Олампаноҳ. Аввалан, сари манора Мушгир менишинад. Сонӣ, сагу пишаки он маҳалла мушхўр шудаанд. Маслиҳат намедиҳам, ки шумо ва аз паси шумо мо ба даҳони аждаҳо равем…
Ман ҷойи дигар пайдо кардам, Олампаноҳ: зерхонаҳои заводи Қир. Дар он ҷо ҷондоре нест ҷуз анкабут. Якта-нимта келас ҳам ҳаст, ки худатон илоҷашро меёбед. Заводро кайҳо вайрон карда бурдаанд. Ягон чиз намондааст. Пасмондаи электрод пайдо кардан мумкин, ки восўхтаи сигарет барин ҳар сў андохтаанд.
Одамизод ҳамин хел махлуқ: алқундиашро канор меандозад…
Ҳа! Як чиз: битони зерхонаҳо дар замони Қадим рехта шудааст, канда натонистаанд.

пешина
аз 378
навбатӣ