Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

РОСУ
Дунё барбод, кори дунё барбод,
Лаънат ба касе, ки дил ба дунё медод!
Ҳар кас, ки аз ин хирмани мо ёд кунад,
Коҳаш ба замин резаду донаш барбод!
Халқӣ
1
Дар мулки ҷангзада навое намонда буд, то мушон ғорат кунанд.
Онон харвору харгўшона ба хоидану хўрдани пўсти дарахтон машғул шуданд ва ҳар наво, гиёҳ, афтидаву афканда ё чизҳоеро, ки замонҳо аз хўрданаш худдорӣ мекарданд, хўрданд. Он чизҳо ҳам ба охир расиданд. Мардум кўч бастанд аз ин маҳал ё ба мамолики дигар ғарибкорӣ рафтанд. Мушон сарқут ё афкандаи кўдаконро ҳам наёфтанд, то хўрда аз гуруснагӣ намиранд. Пасон ба хўрдани якдигар пардохтанд. Зўр мехўрд камзўрро. Ҷанги қабилавӣ ба миён омад. Даставу гурўҳҳои сарҷамъу нерўманд, ки ҷангдидаву варзида буданд, пирўз гаштанд. Сипаҳсолор Росу, ки шаборўз аз паҳлўи шоҳи кишвар дур намешуд ва аз танпарвариву фориғболии ў ва беҳангиву бенангиаш ба дод омада буд, фурсат муносиб дониста, аз тахт афкандаш ва дасту пояш куллук карда ба ятимхона бурданд, то ятимони бепарастор як бор аз гўшти шоҳона сер шаванд ва шояд то пирўзӣ ва рўзи сериву пурӣ зинда монанд.
Ҳамон вақт аз миёни шоҳ камарбанди ҳафтнигин ёфтанд, ки Росу ятимонро бахшид… Чун мамлакатро қаҳтиву гуруснагӣ мисли вабо фаро гирифта буд, Росу наметавонист ба доди бечорагон ва бенавоён расад. Аз ин рў ғамӣ мегашт; чунин дарду андўҳ ва ноилоҷӣ ба касе гуфта наметавонист. Аз ҷое ғалладона дуздида ба кишт оғозад ҳам, то расидани ғалладонаи нав як муши зинда намемонад ё ба замин дона пошанд зоғу заған, кабўтар, мусича, майна, гунҷишк; ятимону бевазанон бо минқор, панҷа ё нохун хокро тит карда, донаҳоро кофта хўранду рабоянд ва агар донае монда, сабз гардад, хўшааш нимдунбул нашуда, гунҷишкон сари сунбул хам карда, лиф гардонанд. Мардуми аз ҷанги аҷнабиву хонагӣ зиндамонда донае надоранд, то ба хок пошанд… Як ғамаш сад ғам шуд Росуро. Дар замоне ба шоҳӣ расид, ки на тахту тоҷ монда буду на доройӣ ва на хазинаву хазинадор. Росу пинҳонӣ аз ҳама ба Куҳандижи зеризаминӣ рафт ва хазинаҳои баҷойӣ ва хосаи шоҳро хабар гирифт, чизе пайдо накард. Лек надонист, ки пойи душман ба ин ҷо ҳам расидааст ва дуздони хонагиву ҷойдорӣ ганҷи ройгон ба яғмо бурдаанд.
Бо чунин андешаҳо чун посбони гуруснаи дари Хазина хобаш бурд дар остона. Хоб дид. Мамлакатеро хоб дид, ки мардумаш кашоварз, бештар бо ғаллакорӣ машғул. Лек коҳ хўранду дона андозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор