Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Аммо фош нагуфт, ки пардадаррониро хуш надошт. Ба андеша рафт, ки коре шуда бо Саманд ва онҳо намехоҳанд, ки ў донад.
Асрор ҳувайдо накарда то хуфтан на ҳарфе гуфт ва на чизе хўрд.
Тахмин кард, ки бародараш Абдувойиз бо Забур якзабона шуда чунин бофтанд, то ҳоҷиро ғам надиҳанд. Худ аз худ дили Абдуҳамид фишор хўрда, гўё аз даруни он чизи номаълуме бурун омад ва сурхной ё хирнойро қабза карда то қариби даҳон омад ва гулўгираш кард. «Ҳосили аз ин дунё бардоштаамон ҳамин» аз зеҳн гузаронд ва чунон хомўш гашт, ки мурда надонад чунин дам ба дарун заданро. Пасон аз фишору тангии нафас даҳон кушода, ҳаво мегирифт.
Ҳамин дам аз дами дарвоза овози мошин ба гўш расид ва Абдувойизи ғамгусори ҳоҷӣ бурун омад, сонӣ хандон боз гашта, арз кард:
— Амакаш – амаки шоъираш омаданд.
Дар лаби Ҳоҷӣ табассум дамид. Амакаш даромада аз рўйи Ҳоҷӣ бўсид ва паҳлўяш нишаста ҳолпурсӣ кард:
— Ранги рўятон хуб, иншооллоҳ, ҳамааш хуб мешавад.
Ҳоҷӣ табассум карда сар андохт. Амакаш магар аз гуфтааш пушаймон шуд, ки безобита гашт ва чӣ гуфтанро надониста, таваккалӣ сар кард:
— Ман шуморо Душанбе мебарам, назди Абдухалил. Ҳама қиссаҳоятонро мегўед. Китоб менависам.
Лабони Ҳоҷӣ дўр шуда кўдакона хориаш омад ва ҳиқ-ҳиқ гирист. Амакаш пушаймон шуд аз гуфта. Наздиктар нишаста, дасти ўро ба каф гирифта молид ва нарм-нарм ба сухан гуфтан оғозид:
— То ҷое, ки медонам, саргузаштатон китоббоб. Лекин ҳама ҳикояҳоро аз забони худатон бояд шунавам. Филме, ки «Симо» гирифт, олиҷаноб. Дидед чӣ қадар одамон сифату ситоиш карданд.
Ҳар бор дида, худатон завқ мекунед. Як ёдгорӣ. Ман мехоҳам, ки китоб ҳам аз ҳардуямон барои дигарон монад. Мо дигар давлату достон надорем.
«Ҳамин хел» сар ҷунбонд Ҳоҷӣ.
— Шумо ҳамаашро ба ёд биёред. Андак қувват гиред. Ман меоям. Ҳамаашро мегўед. Ягон сирру савдоро пинҳон намекунед.
Ҳатто Хуҷандравиҳоро.
Ҳоҷӣ як табассум карду сар ҷунбонд...
Ва он шаб Ҳоҷӣ Самандро хоб дид. Саманди бодпо на бо рўйи
замин, балки парвозкунон ҳавойӣ меомад; ҳамчун тайёраҳои
хурде, ки конструкторон барои намуна ва ё савории хеш ё бозичаи кўдакон созанд; аммо пойҳои Саманд чунон ҳаракат дошт,
ки дар об ланда мезада бошад. Ёлу думаш дамида, болдор буд; зарандуд метофт; аз шўълаи хуршед медурахшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор