Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эшов ваҳшӣ гашта ва ғазаб карда бо пошнаи таппонча чунон ба сари Абдуҳалим кўфт, ки шахҳои Сарвода акси садо доданд.
Сурати Ленини дар яке аз биноҳои баланди Сарвода барқад нақшбаста низ як қад парид.
Эшов зердаст – прапоршик Ҳусейнов У-ро маҷбуран ба сари фармони мошини Абдуҳалим шинонд:
— Рост, ба ягон дармонгоҳ каҷ нашуда, то бемористони Панҷакент мерасонӣ!
Шоҳид Ҳусейнов У. Б:
«Эшов маро даъват карда гуфт: «Дар паси девори рота як шахси бемор хоб аст. Аз Панҷакент будааст. Бубин, мешиношӣ ё не?»
Ман ўро дида нашинохтам. Агар бародари худам буд, дар он ҳолу аҳволе, ки дошт, шинохтан имкон надошт.
— Нашинохтам.
— Чӣ хел ҳамшаҳрита намешиношӣ?
— Не! Намешиносам. Ин корро кӣ карда бошад? Бераҳм будааст...
— Дар ин ҷо қаҳрамон якто – Эшов! Ман нагуфтаму ту нашунидӣ: сари рул бишин ва то бемористони Панҷакент бирасон.
Гап як – худо як.
Хулосаи ташхиси тиббии шаҳри Панҷакент. Суди тиббии 14\348 аз 15.08.1999 ба Холиқов А.Х: Ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонии хавфнок; аз ҷумла ҷароҳати вазнини мағзи сар, шикастани устухони сар ва дигар ҷароҳати вазнини узвҳои барои ҳаёт муҳим... дараҷаи вазнин.

Ҳукм аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Суди ҳарбии подгони Душанбе.
Бо дастраси моддаи 67 қисми 3 КҶ ҶТ. Таъини ҷазо барои маҷмўъи ҷиноят:
Суд барои ҳар ҷиноят алоҳида (асосӣ ва иловагӣ) ҷазо таъин намуда, бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда ба Эшов Т.М. ҷазои ниҳойӣ – 16 (шонздаҳ) сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адо кардани ҷазо дар колонаҳои сахтнизом, бо мусодираи амвол (ҷазо) таъин карда шавад:
Мўҳлати ҷазо аз 21 июли 2001 ба ҳисоб гирифта шавад.»


Ҳоҷиро гузарониданд аз хонаи Наҷот ба хонаи Ҳаёт. «Ман як
бор рафта омадам, аммо касе хабар надорад». Беҳушиҳояшро дар
назар дошта аз дил гузаронд ў ва аз тиреза берун нигарист, ки дар
ҳавои тафсон барги дарахтон ранг зард кардаанд. Барои марди
як умр дар ҳавои кушоду тоза гашта гуворо метобад фазои берун.

пешина
аз 378
навбатӣ