Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Ҳазратро зиёрат мекунем, қумондон. – Саидбек ё зиқ шуд ва ё пай бурд, ки масъаларо қумондон ҳаллу фасл карда наметавонад.
— Гуфтам, милиси беақл, Ҳазратро ташвиш додан аз руйи одоб нест. Медонӣ у кияй? А, медонӣ. У бо боло гуфтугу мекунад. – Осмонро нишон дода. – Шумо гумон мекнед, ки у баччаи холатонай
— Қумондон, гапатон рост. Лекин мо мартабаи Ҳазратро медонем. Пеш аз ин корҳо ҳам медонистем. Баъди Эшонҷон ҳамин Ҳазрат. Лекин ҳамин ҷо омада, Ҳазратро зиёрат накарда рафтан...
Худат бофаҳмӣ, қумондон.
— У ҳайкала бин. У қаду қомата бин. Ҳазрат одӣ нестай. Худододай. Назаркарда ҳай. Нигаҳ кун. Одам ошиқ мешава-э. Баъд ту чӣ хел мегӣ, ки пешаш равам. Охир, вай одами заминӣ нест.
Ҳазратай. Медонӣ, Ҳазрат кияй?
— Медонаму он қадар нағз не.
— Дидӣ, кофирӣ ту. Баъди пайғамбар Ҳазрат...
Саидбек ба зону нишаст:
— Поҳота садқа! Иҷозат бидеҳ, рафта пойи Ҳазрата бўсам...
мани нодону бефаҳм... Шунида будам. Одами худамон, ки ҳаст...
Ба номи Худо, медонистам, ки Ҳазрат аст. Пуштӣ. Лекин чунин мартабаашро касе ба ман нагуфта буд. Қадамота садқа қумондон.
Ту ҳам бузургӣ.
— Бихез... Ку ман рафта буфаҳмам, Ҳазрат чӣ майл дорад.
— Ту бузургтарӣ...
Қумондон нагузошт, то Сайидбек дилашро холӣ кунад:
— Ҳазрат нафаҳмад. На ту мемониву на ман. Ита нагу...
Қумондон сўйи Ҳазрат равон шуд. Меҳмонон дар сар ҳазору як андеша дошта бошанд ҳам, ба якдигар чизе намегуфтанд, ки Ҳазрат нигарон аст. Мабод ки баногўшии онҳоро ба ғараз барад.
Рафту омад. Чун наздик шуд, сар ҷунбонда норозигии хешрову Ҳазратро арз кард:
— Ҳазрат мегўяд, ки инҳо чӣ хел касонанд, ки ҳамин қадар роҳи дура умед кашида омадаанд; дасти хушк омадаанд. Метавонистанд ду-се гўсфанда забҳ карда ба сарбозона биёранд. Лашкар чӣ мехўрад? Нодидаанд инҳо ё писанд накарданд.
— Рост. Моро, ки чизе маълум набуд...
— Ҳазрат мегуд, ки Холиқ дар дасти баччаҳояй, ҷояш маълум.
Пагоҳ биёянд. Ҳоло ҳеҷ чӣ гуфта намешад. Мо сураташро орем.
Бинанд. Шиносанд. Холиқ буродари худут бошад... Биёву бубарша.
— Намешад, ки имрўз...
— Чӣ хел гизалайӣ, бачча! Ё сари хуттам задагияй? Гапи Ҳазрат
– гап... Аз як милюн кам намеша. Ёру дустон, хешон камбағал бошанд, ҳашсадта биёр... Вагарна... Ду ленинободиро гуфтама?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор