Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зиёдаст усулҳо ва роҳи куштор
— Шўхӣ накунед, қумондон, овозаи некиҳои шумо мамлакатро фаро гирифтааст, махсусан кирдорҳои хуби Ҳазрат. Як бори дигар некии Алиёнаатонро кор фармоед.
— Ҳо... Кори мо ҳаминай: некӣ кардан. Лекин ба ҳар кас некӣ карда намешавад. Як бор некӣ мекунӣ, баъд дар бало мемонӣ. Ё рафта аз телевизион сурат менамоянд, ки дар Тангайӣ фулон қумондон ҳастай. Худаш ин кора мекунад, баччаҳояш фулон кора.
Ҳамин ҳам инсоф шуд. Халил гуфтӣ?
— Ҳаким.
— Ҳа, Ҳаким... Киюф?
— Холиқов.
— Ҳаст. Ҳамин хел як Холиқ ҳаст... Ҳаст...
Саидбек як навъ беқарорӣ дорад, аммо чӣ кор карданро намедонад. Яқин аз сардори қисм дилпур нест. Ё медонад, ки чунин кори вазнин бе дахолати Ҳазрат ҳал намешавад.
— Қумондон, як Ҳазратро намебинем?
— Аҷаб милисаи беқарор будай... Гуфтам-ку! Ҳазрат нафаҳмад. Фаҳмад, вазнин меғалтад худудта.
— Вазнининиаш ба пойи худ, лекин надида равем, магарам дигар ҳеҷ гоҳ наздаш наоем.
— Рост мегӣ. Ҳазрат ин корҳода сахт меистад. Ура ҳурмат кардан даркор. Ҳамиққа одам дорем. Э ҳамин шабо менолад-эээ...
Саг ин қадар суйи осмон нола надорад. Худо гуфтагиш гуфтагӣ.
Худо инсоф бите, имон бите. Ҷумла бандаи муминро дар паноҳат нигаҳ дор... Шарманда накун... Лашкари мусулмонро оламгир гардон... Ман ҳамаша ёд нагирифтам. Лекин мегуд. Нола мекунад.
Гапе ки у медонад, Афлотун намедонад. Ту мерӣ пешаш, бачча?
– Ба Халил рў овард.
— Ҳо. Ин хел бузургворро зиёрат накарда рафтан гуноҳ нест?
— Гуноҳ ҳам гап? Хоки поша бусидан лозим... Лекин дар ин бора ягон даҳан гап намезанӣ. Ба зиёратат омадем, бугу.
Ҳазрат ҳамон зайл ҳайкалосо меистод. Ва ба замин наменигарист. Ҳушу ёд ва нигаҳаш дар осмонҳо буд. Як сандали гардон зери пояш намерасид, то Ҳазратро чарх гардонад. Ғами онҳо ва парвои онҳоро надошт, ки омадаанд. Гоҳи салому тавозўъ ҳам Ҳазрат дар баландии баландиҳо буд. Гўё дар ин пастиҳо ҳампой, ҳамто, ҳамҷинс ва ё ҳамсухане надошт. Чунон ки даъвои осмонӣ дорад ва шаваду рўзе ба муродаш расад, аз Ҳазрат дида ба рутбаи баландтар бирасад.
— Ба зиёрататон омадем, Ҳазрат.
Ҳазрат ба пурси Саидбек чизе нагуфта, сўйи Намоз нигарист.
Дар чашмаш Намоз пасти паст тофт; аз он қаду басте, ки дорад, пасттар.

пешина
аз 378
навбатӣ