Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Мурдатона омада баред!»
«Дар куҷо?»
«Дар маргхонаи Шаҳрчаи Тиббӣ.»
Халил мурд. Дар ҷисму ҷони хеш санҷиду дид, ки падар низ фоҷиъаро шунавад, айнан ҳамин хел мемирад... Вале ў пурдида аст, худро даст гирифта метавонад. Аммо Халил масъулияти зиёд дорад, ҳам дар назди падару модар ва ҳам дар назди зану фарзанди Ҳаким. Оварду хононду ҳамкора кард ва оқибати кор чунин шуд. «Чӣ ҷавоб мегўяд ҳамаро?» Ҷон дар пояш намонд, мадор дар танаш. Ўро доштаву ҳушдор гардонида то назди мошин оварданд.
Мошини Зокири писари ҳоҷӣ Абдураҳим – «Москвич»-и аз Дақёнус мондаи шалақу паҷақ, рехтаву ворафта ва як чашмаш кўр, дар баъзе мавридҳо аз оташ гирифтан ҳам саркашӣ мекунад
– дар хидмати онҳост. Ва Зокири ба Ҳаким бисёр наздик намегузорад, ки бо дигар мошин раванд: «Ин мошин барои чунин кор мувофиқ... Ман бояд барои Абдуҳаким хидмат кунам».
Мурдахонаи Шаҳраки Тиббӣ аз мурдахонаи Қаряи Боло чӣ фарқ доштанашро муайян накарда, як зани фарбеҳи нафасгардон ва нафасаш хунук, ки хилъати сафед дар бар дошт, бе ҳеҷ сарсухан, баробари ҷўяндагони мурдаи бародарро дидан «Мурдаи шуморо бурданд!» гуфт.
— Кӣ бурд?
— Ду кас омада бурданд. Яке ана ҳамин кас борин бўзбала буд, ришаш ҳам ҳамин хел буд.
Эшони риш ба Халил нигарист: «Ин хел ришдор як ман».
— Ҷўра ягон касро оварда бошад?
Ва Халил бо телефони «Сенао», ки хоси корхонаашон буд, занг зад:
«Ало, Ҷўра! Шумо бурдед... Ҳакимро... Аз мурдахонаи... Не?..
Уффф!»
Ва Халили нимбисмили ҳанўз арақаш хушк нагашта, дубора зери обу арақ монд ва натавонист бо ў пурсу посух кунад ва ё аз мошин фуромада мурдаи бародар аз мурдахона ҷўяд. «Мурдани ширину нобаҳангом, ё мурдан аз захми забони касе бефаровездаҳон ё бефаросат чунин шавад.»
— Шумо киро меҷўед?
Пурси марди миёнсоли дар даст коғазу қалам дошта, инчунин хилъат ва сарпўшаш сапед ва порадокаи даҳону биниашро баста сапед, ки чашмони мешиаш зираку зинда метофт, қулти обе буд, ки Халилро нўшонида бошанд.
— Абдуҳакимро меҷўем.
Садои Халил ончунон баромад, ки Ҳакими дуздидаашон аз тарсу ноумедӣ овоз бароварда бошад.
— Чандсола?

пешина
аз 378
навбатӣ