Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ҷуволи кандирӣ буд рўйи партобҳо. Даҳанбандаш кушоданд. Духтаре буд... Бозбастанд даҳанбандро. Ғамӣ рафтанд дуртар, ки тўҳмат – азим, то дар бало напечанд. Баромаданд ба шоҳроҳи канори рўди Варзоб, ки чароғҳои қадди роҳаш хомўш буд ва он ҷо торик чу гўристон. Танҳо садои рўди шўхи кўҳӣ, ки ин ҷо расида дамгир мегашт, паст ва бастадаҳон ба гўш мерасид,
1 ки ҳамчу Ҳаким лабонашро скоч часпонда бошанд.
Дар он соҳил ҳам партобгоҳе ҳаст паҳлуи мазори Лучоб.
Аз баландӣ ҳар чизро партоянд, меғелад; ба рўдхона мефарояд.
Тамоми сол ҷамъ мегардад ва баҳорон чун рўд дамад, селобҳо ҷўшида, мастонаву беҳушона ин бойигариро ба наҳрҳо, ҷўйҳо ва заминро мебаранд чу пору. Вале шабҳангом чунин ҷойи махуфро пай задан имкон надорад ва онҳо қад-қади рўд болову пас рафтанд. Дар чунин шаби тор ягон-ягон мошинҳо ин роҳро равшанӣ мебахшиданд ва гоҳ-гоҳ аз дуру наздик садои тир бармеомад. Дигар шаҳр хомўшӣ хомўш буд. Шаҳрвандон имкони бурун омадан надоштанд ва ҳатто аз хонаи хешу табор рафтан бим мекарданд. Садои аккоси сагони ҷудогона меомад ва баъзан мағали сагхояк. Ин сагони вилгарди бесоҳиб шояд он сагоне бошанд, ки замоне сагдорони махсусе сагони бесоҳиби кўчагард ва кўчарияк ва касаливу гаргину ланг ва баччатарсонҳоро аз хонаҳову кўчаву хиёбонҳо ва партобгоҳҳо дошта, ба манзили махсус бурда ё табобату тарбият мекарданд ва ё нобудашон месохтанд.
Ва буд, ки сагони тасодуфан ба ин сагхона афтидаро соҳибонашон суроғ карда, ёфта мебурданд. Инҳо ҳамон сагҳоянд, ки боз майл ба кўчаву партобгоҳҳо доранд.
Чун мурод ҳосил нашуд, рафтанд ба маргхона.
Маргхона дар доманаи бемористони азими миёнаи шаҳр, бист қадам дуртар аз наҳри калони Қалъа ҷой гирифтааст ва ҳамин ки аз дарвозаи ҷанубии бинои Ҳазорреша дохил шудӣ, ба тарафи чап мегардӣ ва он ҷо Маргхонаи пастаки назарногир маъво дорад. Пештар қуфлу маданг дошт ва посбон. Ҳоло бесоҳиб ва дараш воз. Ҳар кас ба ихтиёри худ даромада мурдаи гумкардаашро пайдо кунад, мебарад. Вале дар ин торикӣ ва бечароғӣ кореро сомон дода намешавад. Умед ба дастчароғ, ки базўр девори сафедро равшан мекунад.
Тобистони гарм. Бўйи бад ҳам меояд. Даҳону биниҳоро баста ё бо остини курта, дастрўмол дошта медаромаданд. Вале чизеро муайян кардан имкон надошт. Мурдаҳо рў-рўйи ҳам, зану мард ҳамҷо, хуншору бесару пўсткандаву чок-чок ва гўшбуридаву забонканда ва чашмкофтаву синачок, шикамчок, рўдакашол ва ҳар наъе мурдан рост омада бошад, дар мурдахона ҳастанд. Вале ин
- Ширешкоғаз чизҳо онҳоеро, ки дар зери партави ночизи чароғи дастӣ мурдаи бародар меҷўянд, нодида метобад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо