Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Хўш... Худат, ки мара донӣ, биё як маслиҳат кунем... Ё аз ин манзил мурдат мероя, ё пули калон дода, зиндат мероя.
Кадомуш?
— Пули калон надорам, командир...
— Мурдат броя?
— Як мошин дорам, садқаи саратон. Як хона дорам...
— Иқа пахтара, ки обулой мекунед, пулаш куҷо шуд?
— Мо хизматгор, командир. Хизмат мекунем, ҳақ мегирем.
— Ҳақ мегиред. Аз як милион кам шавад, сарат даруни шикамат...
— Охир, ин қадар долларро дар хоби шаб ҳам надидаам.
— Дорӣ, надорӣ, дидӣ, надидӣ, мо намедонем. Ба ин кор надорем. Меориву аз ин дар зинда меройӣ. Ага не, дар Гургхўрда устухоната саг не, гург мехўрад.
«Саг – бародари гург» аз дил гузаронд Ҳаким.
Суханҳои сохта, ки ба лаҳҷаи ҳар қавм мегардаду намегардад, асирро гаранг кард. Ва ў ба хулосае омад, ки командир тоҷик нест, балки як саҳроии забономўхтаро монад. Ҳарфҳояш паҳн-паҳн мебароянд ва баъзан ба ҷойи садоноки «о» «а» мегўяд.
Ва дониста мекунад ин корро, ки асир аз кадом дараву саҳро ё музофот буданашро нафаҳмад ва ё тоҷик набуданашро сарфаҳм наравад.
— Надорам, командир... Гиред мошину хонаамро.
— Мошину хоната ба сарат зан. Мора пул лозим.
— Рухсат диҳед, рафта мошину хонаро фурўхта оварда диҳам.
— Хобата ба об бигў! Худат ворӣ, як хароби чаққон ҳаст-ку, пул дорад. Тилфонуш бикун, пул меорад... Акатай, додартай...
Аслан ҳаму лозим буд мора... Паъат бало будай, ба қап нахўрд.
Тура ба қап гирифтем. Фарқ не, дилаш сўзад, пул меора. Ага не, худаш ҳам ба қап мехўрад.
Асирро аҷаб омад, ки ин командир дурандеш будааст. Нақшаҳояш то он дунё меравад. Бо асир шудани ман қаноат надорад.
Боз гирифтанист дигаронро.
Чашм дар чашмбанд. Пой дар занҷир. Забонро иҷозати гуфтор нест, то асир ҳама суханонашро гўяд; кӣ будани ин бекорхўҷаҳои муфтхори «худотарс»-ро ба худашон шиносонад; ваҳшонияту кирми хуношоми дилу ҷигар буданашонро фаҳмонад. Чашми баста, пойи шикаста имкон намедиҳад. Зеро ў намедонад, ки ин махлуқ кист ва чаро бо як каси нав ба як мошину як хонаи дудара соҳиб гашта ин қадар таҳдид ва талаб доранд?
— Акатай он майдаҳак?
— Акамай.
— Пул надорад?
— Дорад, вале он қадаре ки шумо металабед, надорад.

пешина
аз 378
навбатӣ