Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас даст ба қабзаи дашна бурда дошт ва кашида, гирифт онро. Ба назараш мурда ҷунбид. Вале ин чиз ба чашми дигарон нанамуд.
Ба назар дар дунё ғамзадатар кас чу Искандар набуд. Қиёфаву ҷиготу авзоъ чунин дошт. Танҳо ашк надошт. Агар донад, ки инро низ чашмдоранд онҳо, албатта сиришк резад. Вале чун хешро ҷаҳонгир меҳисобад, худдорӣ мекунад.
1
— Мусла бикунам? – пурсид ҷаллод.
Искандарро бад расид чунин муомилаи ҷаллод, ки ишора ба ин мазмун нарафта буд; имои чишм, имои бурут ва ё такони сар низ нашуда буд, ки ў пўст канад мурдаро. Чунин ишораҳо пинҳонӣ аз Коллисфен ва баъзан ошкоро зиёд шуда буд ё барои донги хешро шинондан ё барои чашми сипоҳиён, сипаҳбадон, сарфавҷҳо ва ё сипаҳсолоронро тарсонидан. Ҳама ҷаллодиву «қассобӣ»-ҳоро Қирёсу шарикаш Мирёс баҷо меоварданд ва тезтарин шамшеру теғ аз они онҳо буд. Одат карда буданд сипоҳиёни юнониву мақдунӣ ба маросимҳои ҷаллодиву қассобии онҳо, вале боре надида, ки мурдаро пўст канда бошанд. Зиндаро пўст кандаанд, гўш буридаанд, забон кандаанд, сар гирифтаанд, гардан задаанд... вале нашуда мурдапўстканӣ. Аз ин рў Искандар хашм гирифт ба бефаҳмии ҷаллод. Гузашт ҳам кард, аммо рўзе мерасад, ки ў боз ба сари ин масъала бармегардад. Ҳамин хел одат дорад Искандар ва ҳеҷ чиз аз ёдаш наравад, ба хусус агар коре ба табъу дили ў нашуда бошад ва ё ў нофармуда, дигарон карда бошанд.
Ин замон барои Искандар мушкил буд коре кардан ва ё якбора амре, фармоне додан. Ў ҷомаи зарини сабуки порсиро, ки дар Ҳамадон ба бар карда буд, аз тан кашид ва оҳиста болои ҷасади Дорои Саввумро пўшонд. Чунон оҳиста, ки аз хоб бедор шуданашро намехоста бошад. Ҷомаро андохт. Дидори хунолуди ўро аз лошахўрони безеб пинҳон кард ва бори дигар нигарист, ки ҷуз ў ғамхор ва мурдадоре набувад. Пасон наъра зад:
«Роздоне ҳаст?!»
Ҳама хомўш буданд. Искандар якпоя гирд гашт, ки шояд нафаре мушкили ўро осон гардонад. Нафаре аз сарбозон, ки бар сари мурдае нишаста буд, бархост ва сўйи Искандар нигарист. Искандар чун ҳаракати ўро дид, даст ҷонибаш бардошта, ишора кард:
— Ҷон дорад?
— Нафас дорад!
Ва фармуд ба чанд тан, то ўро бардошта оваранд... Вале ҳамон замон аз фармудааш гашта, худ гом зад ҷониби ў, ки то овардан зинда мемонад ё на. Чолок рафт чандин мурдаҳоро зери пой гузошта ва ба марди нимбисмиле расид, ки мадори сухан надошт.

  1. Мусла – пўст кандан.
пешина
аз 411
навбатӣ