Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар завқ кард ва пештар рафта, шинохт. Асби ў буд.
Худдорӣ карда натавониста бар зин рост шуд ва фарёд зад:
«Бу-се – фа-а-ал!!!»
Асби сиёҳмушкин баробари шунидани садои шинос аз пушти модиёни сапед фаромад ва рў ба овоз овард. Нигарон монд. Модиёни сапед ба ноз рў ҷониби Сиёҳмушкин оварда гардани онро сабук-сабук дандон мезад.
Ва онҳо ба асбон нарасида, аз ҷониби кўҳ саворе пайдо шуд, ки дар даст як ходаи дароз дошт, дар нўкаш ҳалқаи ресмон.
Саворони рў ба рўро дида ҷилави асби пушти луч савор шударо кашид ва сари асбашро гардонд.
Автофрадат бо забони барои Искандар нофаҳмо ба он савор чизе гуфт баланд ва ў боз инони асбашро кашида рў ба онон овард.
Сипас Автофрадат ба Искандар фаҳмонд:
— Онҳо ҳамон мардиҳо, ки гуфтам. Касбашон чорподорӣ. Дар кўҳҳо умр ба сар мебаранд. Ва бештар ба сари ҳалқони дигар тохт меоваранд.
Ва боз сўйи он савор даст гардонда гуфт:
— Натарс, мо бо ту коре надорем!
Вале ў бовар накарда, асбашро маҳмез зад ва дур шуд. Автофрадат ба Искандар гуфт:
— Ман аз ў пурсиданиам, ки ин асб чӣ тавр ба ин ҷо омад.
— Муроди ман низ чунин, то донам ба чӣ роҳ Бусефал ба ин ҷо расида. Фарёд бизан, ўро бидор!
— Ой! Ой! Мардибачча! Савганд мехўрам, ки ба ту кор надорем! Ҳамон чўбу расан лозим ба мо, то асб дорем!
Чун савор ин ҳарф шунид, пиндошт асбони ўро медоранд, қарор истод ва сари асбашро гардонд.
Онҳо наздик омаданд ва Автофрадат ба Искандар гуфт:
— Ман савганд ёд кардам, ки ўро кордор нахоҳем шуд. Искандар сар ҷунбонда тасдиқ кард:
— Бале, бале.
Чун бар асбон расиданд, дигарон бозистоданд ва сатрап назди он ҷавони сияҳпўсти дар офтоб сўхта, ки чарминайе бар дўш андохта буд то миён, шармгоҳаш низ пўшида, пойҳояш бараҳнаи кафида ва мўяш то рўйи чармина кашол рафт ва пурсид:
— Асбони ту?
— Ҳо.
— Ҳо он асби сиёҳи модиёни сапедро соҳиб шуда моли кист?
— Онро ман надонам. Ба бўйи модиён омадааст.
— Рост бигўй, хешкомӣ накун, суде надорад. Он асби шоҳ Искандари Мақдунист. Дўш аз саисхона дуздидаанд. Мебинӣ?
ҳо ана худи шоҳ!

пешина
аз 411
навбатӣ