Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чунин мазмун расида буд моро. Аммо моли кӣ буд, ёд надорам.
— Моли ман буд, Маликуррум, – таваккулан гуфтани Искандарро пай набурда, фармуд Набарзан.
Дар худ ғуррид Искандар: «Ба шоҳи мулки хеш Доро, ба ҳаммаслаки худ Бесус, ки хиёнат кардааст, магар бо ман созад?»
— Чӣ мурод дорӣ?
Набарзан ҳамин суоли Искандарро нигарон буд, чун оҳанги пурси ў ба гўшаш нофор расид, пас-пас рафт сўйи дар: «Ҷуз пирўзӣ ва сиҳатмандии шоҳи мақдунӣ чизе нахоҳам» хешро назарбаланд ва ғамхор вонамуд карда, ҳамон зайл берун омад ў.
Бузу гўспандон ва кўзаву хумҳоро сари дўш бардошта меомаданд ва дигар чизу чора меоварданд. Ва аз кўҳи Дамованд гову гўспанд пеш андохта, сўйи қаср нишеб мешуданд.
Набарзан хидматгузоронро намешинохт ва аз миёни ношиносони беҳисоб Фратофарнро меҷуст, то пешомадро муайян кунанд.
Фратофарн чун меҳмондор миёни одамон ба низому тартибу омода сохтани ҷой машғул буд. Сатрапи Хазар дер шуда бошад ҳам, илоҷу коре карданӣ буд, то дар хотири меҳмонон боқӣ монад.

БАНДИ ШАШУМ

Ва Искандар чаҳор шаборўз базм орост. Вале касеро рўшан набуд, ки Пирўзии Бузургро ид мекунанд. Шоҳи мақдунӣ ботинан шодмонӣ дошт бар ин пирўзӣ, аммо вонамуд мекард, ки айш дорад. Фратофарнро сатрапи Хазар таъйин кард, аммо Набарзанро эътиборе надод.
Ва он шаб Бусефали номдори Искандар гум шуд. Ҳаррову кажини асб дар ҷое буд, ки саис гузошта. Аммо Бусефалро дараке набувад... Он шаб сайҳа кашида, сўйи Мағриб рафтани садоро шунида буданд. Вале касе гумон надошт, ки Бусефалро мебаранд.
Искандарро огоҳ накарда, ба атроф ҷайшу сарбоз фиристоданд, то дарак аз Бусефал оранд, касе чизе намедонист. Чун Искандар огоҳ шуд аз ҳодиса, шўрид ба саисон ва чашми рўз накафида ҳамаро ба по хезонд. Шоҳи ҷавон фоли бад донист ин рўйдодро ва шўридаҳуш фарёд зад: «Ҳар тоифа ё қабилае ё касе ин кор кардааст, бидонад, ки бому бунааш бо хок яксон шавад ва зану фарзандаш дар шиканҷа монад!»
Искандарро оварданд, ки Бусефал сўйи тапуриҳо рафтааст; гурезаҳои порсӣ низ он ҷониб рафтаанд. Шоҳи мақдунӣ шўриду хурўшид, ки кори онҳост; кори гурезаҳои зишт. Рафтори сарбозони кирояи юнонӣ, ки то ин ҷо омада, инак қатъи сафар карда, сарборӣ ба ташвишу ғамҳои дигари Искандар шудаанд, ғазаби ўро оташ зада, садди роҳи нақшаҳои ояндаи ў мегарданд. Чунин рўйдодҳои берун аз нақша хуш наомад Искандарро ва ҳамаи онҳоеро, ки майли бозгаштро доштанд, ҷудогона саф ороста, шўридарўҳ, тезхун аз пеши назарашон гузашт, вале ҳарфе нагуфт.

пешина
аз 411
навбатӣ