Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Андар айлохи мардуми музофот Искандар хайма зад, то дижи Ҳуронро кашф кунад. Ду канори рўдбор ҳамворие буд, ки аз Наврўз то Тир мардум бо молу ҳолашон омада, хаймаву хиргоҳ зада, равғани зарду кашку чакка ҳосил карда танги тирамоҳ бармегаштанд. То омадани мардум пиёзи анзур сабз мешуд, пасон поймол мегашт. Ана дар ҳамин мавзеи хуб сипоҳи мақдунӣ маъво гирифт, ҳарчанд мувофиқ набуд; ҳам ҷой танг буд барои лашкари Искандар ва ҳам жолаву боронҳои сахт ва ҳавои сард рафъ нагардида.
Искандар айни муддао донист ҷойро ва авло шумурд аз Мароқанд рафтан. Зеро пеши назари ў табиат зинда мегашт ва дар Истахр ба ў фаҳмонида буданд, ки Суғд – биҳишти рўйи замин. Шоҳи Мақдунӣ ба чизе қаноат накунад. Ба андешаи хеш рўйи заминро гирифт, акнун зери заминро низ бояд гирад.
Аристандр барои он ки Искандар ба пешгўйиҳои эшон бовар кунад, ҳамаро ба ройзании ў хонд. Пардасаройи шоҳӣ нагунҷонид ҳамаро, дами пардадар низ нишастанд.
— Роҳ ба куҷост ва чора чист?
Ба чунин пурси шоҳ раммолон ва ситорашиносон арз карданд, ки чунин диж ё ғоре вуҷуд дорад андар зери замин ё жарфное, аммо роҳ надорад.
— Он ҷо кас зист дорад ё девон?
— Касони девсурат.
— Дар куҷо қарор дорад?
— Дар паси кўҳҳо?
— Паси кўҳи Қоф?
— Ҳамин тавр...
— Роҳ ҷўед ва маро намоед!
Андешиданду роҳ ҷустанд ва шоҳро фармуданд:
— Шоҳо, нардбонҳо бояд сохт, ба қуллаҳову сангҳо сахт бояд кард. Чун жарф бувад диж, зинаҳо ба ҳам васл бояд кард ва аз чаҳор самт ба як замон бояд фаромад ва ба ҷанги девон омода шуд.
Ҳамчунон ки ба ғори Ориёмаз рафта буданд, шабохун бояд зад.
Ва Искандар фаро хонд ҳунармандонро. Сарбозонро фармуд чўб пайдо кунанд. Чун аз ин шахзор чўб пайдо кардан имкон надошт, сипоҳиён фурў рехтанд ба арчазорони соярўҳо ва бешаи дарёобод. Бешаҳои Согдоро буриданд: ҳама ангату зарбеду сияҳбеду сурхбедро. Аммо чўби корои бешаву арчазорон кифоя накард, рему чолбурсҳоро низ буриданд. Ба рустоҳо рафтанд барои фитроку каманду расан ва ҳар чӣ пашм буду мўйина, низ рабуданд...
... аммо ҳолиё дараке аз дижи Ҳурон набуд ва ҷояшро муайян накарда буданд. Бино ба гуфтаи Рахшон, аз ғори Ориёмаз то дижи Ҳурон бояд нақб бикананд; ба гуфтан наздик, вале кас надонад дар куҷост. Раммолон дар паси кўҳҳое донанд, ки истодаанд.

пешина
аз 411
навбатӣ