Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

шоҳи мақдунӣ ва садои рўдак омад ба гўшаш. Садои Ҳарорўд.
Ва чун оби софу зулол бидид, шодон гашт ва эътиборе ба он сарбозони рангпаридаи эллинӣ надода, ба Кратери вафодор, Гефастиони зебо ва ёри даврони кўдакиаш Протей, ба Клити родмард, Кени домоди Пармониён, Биталомуси шоҳзодаи мисрӣ фармуд, то бо асирон машғул гарданд ва ба сарфавҷи саворон Файлотуси пури Пармониён каҷ нигариста, инони Бусефал ба саис дод, то так суст кунад. Ва саис аз чунин ишора донист, ки шоҳ чанд муддат канори рўд монданист. Зеро дерёз шоҳ ғубори роҳ ва хайи биёбон аз тан нашуста буд.
Ў Гераклро ҳамроҳ гирифт, ки тифли роҳ пур азоб дида буд.
Ҳарчанд гардунасавор меомад, гоҳ-гоҳ аз тамузи тобистон ва ҳарорати баланди ҳаво чун чўҷаи ташна даҳон мекушод ва модараш Барзин сина ба даҳонаш мегузошт, то ташнашикан гардад.
Искандар сари китфи рост нишонда, лаби рўд бурд кўдакро ва модараш Барзин ба баҳонаи ў низ лаби рўдак омад.
— Магар Оби Ҳаёт ин нест? – оби софу зулолро дида пурсид Барзин ва Искандар посух надод, ки киноя мезанад.
— Ин аст Оби Ҳаёт. – такрор кард аз ношунида гирифтани Искандар. Ва чун ў хомўштар буд, низ хомўш монд.
Искандар пойҳои бараҳнаи Гераклро оҳиста ба об андохт.
Кўдак даҳон воз кард ва гўё аввалин бор пояш ба моеъи ноошно расида бошад, кашид ва форид магар, ки пой зад ва об чаракса кард. Ҳаллос зад Геракл ва завқи ононро овард. Вале Искандар ҷойи бобтар хоста қад-қади рўд рафт ва обшору истахрро дид, ки сохта буданд хубтар. Ва паёпаи ў ҷондоронаш лаб-лаби рўд меомаданд ва дидбонӣ мекарданд.
Писарро шустанд. Дили Барзин равшан шуд. Ў наълайн кашида пой бар об медошт ва домони дарозаш тар шуда буд. Ҳай ҳавас дошт, ки биғўтад ба об, вале ҳаё аз ҷондорони шоҳ мекард. Ғўте дуртар Искандар писарро бозӣ медоронд дар об ва кафи қавии хешро тар ба об карда, мемолид ба тани кўдак. Ў зиёдтар аз модар пазмон шуда падарро, ки ҳаловат мебурд. Ё магар худро дар оинаи об дида, ки завқ мекард. Рў ба об рўйи кафи дасти чапи падар буд ва дасту пой мезад. Афзунтар аз ў Барзин шодмонӣ дошт аз чунин рафтор. Ва он ҳавасе, ки дар канори чунин об намерасидаш, ба писар насиб карда будааст. Чунон навозиш ва ламсу масҳ мехост дилаш, ки Искандар ба писараш насиб медорад. Ва Барзин бо либоси тан нишаст даруни об. Завқ низ кард, ки Искандар рафтори кўдакона ва айни ҳол аҷибу ғариби ўро дида, завқ мебарад, аммо шоҳ чунин ҳолро дида, ҳайрон монд ва гуфт:
— Ту бадавӣ ё кўҳӣ найӣ, шоҳзан ҳастӣ, – ва сар хам карда Гераклро бори дигар тар ба об кард.
Барзинро аҷаб омад ва ҳамон зайл бо либосҳои кашол андаруни об наздик шуд ба ў ва гуфт:

пешина
аз 411
навбатӣ