Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин муддат корвон ва даставу фавҷҳои ёрирасон, пасмондагони Искандар ҳамроҳи худ нагирифта даррасиданд. Онҳо бо баногўшиву саргўшиҳо аз ҷанги кӣ куштазор шудани корзорро дониста, яке алам кашида, дигаре нафрин хонда, саввумӣ афсусу надомат карда, рафтагор мешуданд ба дунболи лашкар. Талояи пешгард роҳ тоза мекард ва Искандар гумон дошт душмани тозахурўш дар куҷое камин гирифта ва ҳолиё чун сангҳои манҷаниқу аррода ба сарашон хоҳанд рехт. Аз ҳамин хотир Искандар аз омадани зану фарзандаш Барзину Геракл шодмонӣ накард, балки маҳмил баст, то сайди навбатӣ аз даст наравад. Пайдо шудани шоҳи нохонда ва душмани ба назари ў ночиз ғаши ўро меафзуд, вале ҳарос дошт, чунон ки аз Дорои Саввум надошт чунин ҳаросро. Зеро ў иттилоъ дошт, ки ҷанговартарин мардум миёни шарқиён бохтариҳо буванд ва ҳолиё Бесуси Бохтарӣ хешро шоҳи Эрон хонда, Ардашер гузоштааст номашро. Ардашери Чаҳорум. Ва инак интиқом мехоҳад. Чунин арзи вуҷуд кардани Бесуси Бохтарӣ олуғда гардонд Искандарро ва ў аз баҳри ҳама чиз, ҳатто тадфини ҷанозаи шоҳ Дорои Саввум баромада, ба роҳ афтод. Пошна зад Бусефалро. Асби сияҳфоми ў муқаддамтар аз ҳама мерафт ва расам-нарасам бо талоя буд. Ва якбора ковок шуда, рўй ба пас овард. Дигарон пиндоштанд ў сипоҳу корвонро назора дорад. Ё ҳаваси базм дорад ва ё зану писарашро пазмон шуда. Зеро пирўзии бузург, вале барои худи Искандар нангину шармоварро ҷашн нагирифтанд. Орзуи шоҳи мақдунӣ дарёфтани шоҳ Дорои Саввум буд, вале на бо чунин шармсорӣ. Агар шоҳи Порсро зинда дастгир мекард, танҳо худи ў медонист, ки чӣ бояд мекард бо ў. Аз он ки шаборўз асб метозонд барои дастгир кардани ў, гумон аст, ки пўзиш бикунад. Ва ин суол дар сари забони ҳар яке гирд мегашт. Вале касе намеёрист, то пурсад. Яке гумон дошт мусла мекунад, дигаре пиндошт дор мекашад, саввумӣ хаёл мекард маслуб мегардонад ва бисёриҳо андеша доштанд хуни ўро мемакад Искандар ва ягон-ягон фикр мекарданд, ки шоҳи мақдунӣ мебахшад гуноҳи он гўри гурезонро. Танҳо Искандар медонист, ки таъна мезанад бар ў ва нафрин мехонад барои беҷуръатиаш.
Ва ба рўяш мегўяд, ки аз тухмаву дудмони Ҳахоманишиён набуда, шоҳи тасодуфиро мемонад, чунон ки ҳолиё Бесус хешро хонда шоҳ Ардашер.
Ва бим дорад. Аз чунин рух гирифтани кор бим дорад ва касе пайку пайғом намеорад, ки ҷаҳон чӣ рўйдодҳое дорад. Ба ҷуз ҳаром мурдани шоҳ Дорои Саввум дар зери гардуна хабаре нест.

пешина
аз 411
навбатӣ