Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар медонист чӣ гуна. Зеро ў «Курушнома»-и Ксофандро хонда буд ва қасдан пурсид, то ў чӣ гўяд.
— Куруш яҳудиёнро аз маҳбасҳои бобулиён озод кард, онҳоро умри дубора бахшид ва се маротиба Эруссалими харобгаштаро обод кард... Барои мардуми тороҷгаштаро аз тохти Яъҷуҷу Маъҷуҷҳо раҳонидан Садди Чинро сохт...
— Ва ту олимӣ, таърихнигорӣ? Кӣ ҳастӣ?
Ў андаке сар тофт ва чашм ба чашми Искандар овард. Искандар қиёфаи пурраи ўро дид. Зеро то ҳанўз сар аз рўйи мурдаи бародар набардошта, сухан мегуфт. Ҳолиё Искандар дид чашмони фурўрафта, рухсораҳои офтобзадаву барҷаста аз лоғарӣ ва ранги сабзинаи ўро; ва дид сару рўйи ғуборгирифтаву гардбардоштаашро. Майлаш ва намудаш маҷнунона. Ба назар касеро написандад ва аз донистаи хеш намонад. Шоҳ Искандар аз ҳарфҳояш чунин хулосаро дарёфта буд, ки чизе дар сиришти ў ҳаст. Ва чун сураташро пурра дид, имон овард ба тахминаш.
— Ман? Ман – Оксафр, бародари Дорои Саввум... Ҷондори ў будам, натавонистам ўро ҳифзу ҳимоя кардан.
Гўё шарҳи ҳол гуфт Оксафр. Искандар шунида буд чунин суханҳоро, хушаш наомад. Вале «Ҷондораш будам» гуфтанаш ба муроди ў буд.
— Ҷондораш будӣ?
— Оре, ҷондораш будам.
— Ва натавонистӣ ўро ҳифзу ҳимоя кардан?
— Он замон набудам ҳамроҳи ў. Шоҳ Доро маро аз пайи дарёфти модарам фиристода буд...
Искандар сар андохта муддате ба андеша рафт, ки ҷойи модари ўро медонад ва ин чӣ рўзгорест, ки беҳуда фарзандон модаронро гум мекунанд?
—...Модарамро меҷустам... – идомаи суханашро гуфт Оксафр ба фикр фурў рафтани шоҳро пай набурда.
— Ва пайдо кардӣ? – аз банди хаёл раҳо гашта, пурсид Искандар.
— На. Мегўянд, ки куштаанд.
— Куштаанд?
— Ҳамин хел шунидам...
Искандар сар бардошта ба атроф нигарист. Гўё росту дурўғ будани ин ҳарфро аз дигарон шунидаву донистан мехост ва ҳақиқати ҳолро ба писари он модар фаҳмониданӣ буд. Аммо касе аз муроди ў огоҳ нашуд. Ў дарёфт, ки беҳуда гўйиш мекунад бо ин меҳмони нохонда. Бояд ки ишора ба ҷаллод кунад ва хешро раҳонад аз ташвиш. Вале тариқи коргузорӣ ва набарди шоҳи мақдунӣ чунин набувад. Ў бояд ҳазоронро бикушад бераҳмона, вале ҷое ки як нафарро сар гирифтан лозим шавад, бояд мулоҳиза бикунад. Ҳолиё гардан задани Оксафр шарафи шоҳи мақдуниро паст хоҳад кард.

пешина
аз 411
навбатӣ