Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо касе набуд он ҷо. Каф ба ҳам зад. Ҳоҷиб дарро кушода ба хидмат истод ва пиндошт, шоҳ ношто хоҳад. Вале хомўш истодани султони Шарқро дида, низ сокит монд, танҳо чашмонаш мепурсиданд, ки чӣ хидмат кунад.
— Онҳо куҷо шуданд? – ҳамон пурси аз дил гузарондаашро гуфт шоҳ.
— Онҳо сар мешинонанд, шоҳам. – таъзими шарқиёна кард ҳоҷиб.
Искандар ҳолати ўро дида, аҷаб кард ва пурсид:
— Шумо ҳама машриқӣ шудаед, суханатон шарқиёна, сарандозиатон низ.
— Шоҳ чӣ гуна, раъоё – намуна.
— Мазмуни сухани туро нафаҳмидам, ҳоҷиб; онҳо чӣ гуна сар мешинонанд?
— Ҳо, бале, шоҳ... Онҳо сар мешинонанд. Сари Никомахро, ки бародараш бурида буд...
— Мешинонанд, ки сабзад?
— На, шоҳ. Сарро ба тан медўзанд.
— Пас чӣ шавад? Зинда шавад?
— На шоҳ. Қолаб рост шавад ва ҷасади ўро ба Мақдуниё фиристанд...
— Ҳа-а-а... пиндоштам, аз нав зинда гардонанд... Ҳоҷиб!
— Лаббай, шоҳ!
— Бигўй, ба падару модари Никомах нависанд, ки писаратон аз дасти шоҳ ва ё душманони ў кушта нашудааст, балки бародараш Кебалин сари ўро буридааст... Ҳа, аввал куштааст ва баъд сарашро аз тан ҷудо кардааст...
— Албатта, шоҳ...
— Бирав! На! Биист!... Ҳама донанд маросими онҳоро?
— На, шоҳ. Танҳо чанд тан...
— Ҳатто бародараш надонад!
— Ба чашм.
— Кратерро бигўй!
— Ба чашм.
Ва дере нагузашта Кратер пайдо шуд. Шоҳро миёнаи толор дида, тааҷҷуб кард. Шоҳ баргашта сўйи ў нигарист ва пурсид:
— Чӣ амалиёт мегузаронед?
— Ҳеҷ амалиёте набошад, шоҳ.
— Гўянд, ки сар ба тан медўзед?
— Нозирон пайдо кардаанд андар канори рўд тани бесарро.
Ва мо сарро аз толор бурдем, то сар танро бишносад.
— Ва шинохт?

пешина
аз 411
навбатӣ