Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Аммо морона фашш нагуфта, якбора уштулум карда наъра мекашид. Ин наърааш чун нолаи най баромад; пурдард, пуралам ва имдодталабона…
Магар уштури сапед бўйи маргро шунида буд, ки саркашӣ кард ва наъра зад. Ба гўши раҳмдилон аз савоби куштан савоби накуштан зиёдтар расид…
Зери ҳайкали Описи муқаддас оварданд норро. Гови зарини тезшох ҳолати ҷангӣ дошт ва хеле ҳушёру зўру тавоно метофт.
Мозак дар ҳолати рўъёйӣ чунин дида буд Искандарро ва сабаби муддате рўй панаҳ карданаш низ ҳамин буд.
Шоҳи мақдуниро хуш омад, ки хунаш бо хуни тези он муқаддасот мувофиқ буда бошад.
— Чунин говро қурбон кардани ин хел шутур кам бувад! Сар бизанед!
Амри подшоҳ воҷиб; дасту по хўрданд. Ноқаи сапедро афканда натавонистанд. Ялони мақдунӣ хостанд бибардоранду бихобонанд. Дасту пой зад шутур, касеро наздик роҳ надод. Онҳое, ки маҳори он медоштанд, чун ду бол баробари ҷастухези ҷонвар боло мепариданду ба замин мезаданд. Ва гўйӣ аз тамоми базмҳои сохтаву барпо кардаи онон мароқангезтар буд ин намоиш… Ба найранг аз пойҳояш танобу расан андохтанд; печониданд ва аз ҷониби сар баробар пуршаст кашиданд. Чаҳор дасту пой ба ҳам омада уштури азим аввал сагона ба ду пойи қафо ба думу думғоза ба замин нишаст, пасон чу кўҳи гашта ба паҳлў зад. Сарашро пахш карданд; чандин тан бар сару гардану тану пойҳои куллук бор шуданд. Мебардошт ба гардани дарозаш чандеро; пой заданӣ мешуд ва сахт гиря кард; кадоме дами даҳони онро медошт, ки садояш даммадарун баромад.
Қассоби тезтеғ фурсат ғанимат дониста, гардани он ба пой пахш кард ва зуд корд ронд… Ва он нолаи даммадаруни шутур маҳин, вале ниҳоят тез, дурпар ва башиддат хун гашта, фаввора зад аз зери манаҳи он, ки хуми майро сўрох карда бошанд. Пасон аз шаш ҷойи дигари гардани дарозаш буриданд, то хунаш зудтар таровад. Ҷўяҳои хун равон гаштанд. Талвосаи хестан, мубориза ва ҷон кандан оҳиста-оҳиста ба поён мерасид ва майи хум низ на фаввора мезад, балки метаровид; садову фаввора на, бал хир-хири нафасҳои вопасин хунро пош медод ва оқибат баст дар ҷойҳои буридаи гардан. Чашмонаш боз монданд ва дасту пову танаш беҷон шуданд. Ҷо-ҷо мушакҳо мепариданду меларзиданд ва ҳанўз гармии танаш боқӣ буд…
Ва андар қурбонгоҳи ҳарами Девори Сапед ба номи худои кабири юнонӣ Зевси Барроқ ва худои Замини мисриён Аммон
– Раъ қурбониҳо мекарданд. Дар маросими пуршукўҳу бошаҳомат андар ҳарами фиръавнҳои Миср беҳтарин донишмандон, ашрофу асилзодагон фаро омада буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо