Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ду нафаре, ки то ҳол ўро посбонӣ мекарданд, ба ишораи Ортобоз аз гардуна фурўд омаданд. Сипаҳсолор шамшер баланд бардошт ва якбора тори сари шоҳ ронд ва оҳиста ба банди дастони ў расонда арравор бурид. Бесус дар шигифт шуд ва наъра зад:
— Ту чӣ кор мекунӣ, пирсаг!?
Ва сипаҳсолор ба ҷойи он ки сари шоҳ Дорои Саввумро бигирад, шамшер ба Бесус кашид. Бесуси Бохтарӣ асб ронд болои сипаҳсолори пиёда. Гардуна дар миён овехтанд ба ҳам. Писари сипаҳсолор Ориёбарзан чунин ҳол дида низ шамшер аз наём кашид ва тохт сўйи Бесус ва аллакай чакочуки шамшерҳо ҳама садоҳоро пахш карда буд ва асбҳо сайҳа кашида чароғпоя мешуданд ва маълум набуд, ки киро кӣ мекўбаду мекушад. Дар як муддати кўтоҳ куштор шуд. Ҷанговарон аз сари асбҳо мепариданд ба хоки тафсон ва зери суми лоғари фарасҳо мемонданд. Пиёдагони ҳайратзада, ки нав ба истгоҳи сипоҳи бесипаҳсолор расида буданд, чун сусморҳои рамида аз канор ин ҷанги бемаъниро тамошо мекарданд. Алҳол танҳо набарду оварди сипоҳи савора буд ва бисёре аз онҳо сарфаҳм ба чунин разми ногаҳонӣ нарафта анҷоми шўрро нигарон буданд. Танҳо шоҳ Дорои Кудумон, ки хуни хуфтааш ин замон ба ҷўш омада буд, зўр зада талвоса мекард, ки расани нимбуридаи шоҳбандро канда, бори дигар шамшери порсӣ кашад ба майдон, ки Искандар дар Эроншаҳр ҳаваси чунин теғу шамшер карда ба устоҳои порсӣ фармуда буд, ки барои сарбозони ў шамшеру жўпин бисозанд, аммо устоҳои баномуси порсӣ рад карданд чунин фармоишро сар бохтанду теғ насохтанд, то он теғҳо эрониёнро гардан назанад. Пас Искандар фармуд шамшерсозиро ба бобулиён.
«Сипоҳи Искандар меояд!!!»
Ин садо ҷанги бемаъниро хотима бахшид. Шамшерҳо дар ҳаво муаллақ монданд, теғҳои ба тани якдигар задаро бозпас нагирифтанд. Мурдаҳо бесоҳиб, пирўзу бохта норавшан... ҳар кас ҷони худро каҷ кард. Дастаи Бесуси Бохтарӣ бо роҳе, ки ба Бохтар мебурд, гурехт. Сипаҳсолори пир ҳамроҳи писаронаш хоктеппаи дуртар аз роҳро давр гашт, ки то дарёи Хазар расад.
Танҳо вазир Набарзан дашнаи кўтоҳ зери остин аз асб фаромад назди гардунаи шоҳ Дорои Саввум, ки банди нимбуридаи шоҳу гардуна ба ҳам бастаро мебурида бошад.
Дуртар аз буни хоктеппа Ортобози порс баргашта ба майдони хунини ноҷавонмардона размида нигарист; ҳаракатҳои вазирро дид, ки теғ бар шоҳ мезад. Зуд-зуд дашна заду теғи хунин нагирифт ва гардунаи шоҳиро бардошта вожгун сохт ва бар зини асби сапед, ки рони чапаш аз фаввораи хуни охирин намояндаи шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён рангин шуда буд, нишаст ва бо роҳи рафтаи Бесуси Бохтарӣ асб монд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор