Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Сабр ва андеша. Роҳи раҳойӣ бояд ҷуст.
— Чунин роҳро намебинам...
— Фикр бикун, ман низ фикр мекунам...
Андеша накарда ҳавойӣ гуфт Лимн ва гўё дар миён ҳеҷ чизе набошад, шитобзада бирафт. Бепарво менамуд, аммо дар асл барои Файлотусро гирифтори андешаҳои худ гардонидан чунин бепарво вонамуд кард. Файлотус роҳи ҳалли мушкилоти ба сар омадаро пайдо карданӣ буд, аммо кўргиреҳи муамморо кушода наметавонист. Гумон дошт мушкилосон танҳо Искандар бувад. «Як бор аз наздаш мегузарам, эътибор надиҳад, роҳи дигар меҷўям...
Ба назари худам ҷуз мубориза роҳе нест.»
Башитоб рафт, то Лимнро боздорад ва андешаашро гўяд. Вале якбора роҳашро дигар кард ва сўйи пардасаройи шоҳ Искандар гом зад. Ба назар пойи худаш набуд, балки нерўе ўро пеш мебурд.
Вале бо суръате ки мерафт, боздоштанд. Сарпоси дари хайма ўро боздошт.
— Шоҳ фароғат дорад.
Файлотус медонист фароғат доштани ўро, метавонист наояд, аммо умед кашида омад, то сипаҳсолори номдорро ҳимоя карда тавонад. «Агар ў донад, ки ман барои ҳимояи падар омадаам, ҳеҷ гоҳ напазирад.»
— Шитобзада метобӣ, Филота? – пурсид сарпос ва аз сари хами писари сипаҳсолор садое наомад.
Ў ҳамон зайл сархам рафт. Муддаояшро касе огоҳ нашуд.
Садои наъли асб омад, ўро ба худ овард. Сар бардошта Кратерро дид, ки савори асби сиёҳ меомад. Асбаш ҳамранги Бусефал буд, вале суми росташ сапедӣ дошт. Кратер ба ҷойи падари Файлотус сипаҳсолор таъйин гашта буд. Аз ин рў Файлотус ба ў эътиборе надода мерафт ва чизе пурсидан намехост, то Кратер ягон гумон накунад. Аммо худи Кратер – сарфавҷи саворони шоҳӣ Файлотусро дар ҳолати нобоб дида, ҷилави асбашро кашид ва пеши роҳи ўро гирифта, фармуд:
— Чӣ шуда бо ту, Филота?
Вале Файлотус сар афшонду посух надода рафтагор шуд, ки аз ў низ суде нарасад.
Кратер аз асб фаромад. Ўро боздошт ва пурсид:
— Магар аз сипаҳсолор пайку пайғоме расида?
Боз сар ҷунбонд Файлотус ва аз пурси Кратер тааҷҷуб карда пурсид:
— Магар пайку пайғоме бояд бишавад?
— На. Пурсидам, ки чизе шуда магар, ки ин қадар гирифтор метобӣ.
— На, ман низ нигаронам, ки шояд пайғоме бошад.
— Чӣ пайғоме чашмдор ҳастӣ? Магар...
— На. Чизе надонам... Шояд ту ёрӣ диҳӣ?

пешина
аз 391
навбатӣ