Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На. Осебе нарасида… Шоҳ кина варзида бо ман, ки бадтар аз худои Марг бувад. Синнам ба ҳафтод дакка хўрд, вале кинавартар аз Искандар надидам касеро… Ў пиндорад, ки ман дар дафтари хотиротам ўро рўсиёҳ гардонам.
— Шоҳ аз куҷо донад, ки сипаҳсолор «дафтари хотирот» дорад?
— Худам гуфтам… гуфтам, ки маро озод кунад. Ба Мақдуниё баргардам ва хотирот бинависам…
— Нохуб шуда падар, – гуфт Никонор ва Файлотус тақвият дод:
— Бале, нохуб шуда… Искандар хурдтарин саҳв ва кинаро набахшад.
Сипас онҳо нигаштанд ба чашми ҳамдигар, то чӣ илоҷ кунанд.
Падарро ҳеҷ гоҳ дар чунин ҳолат надида буданд. Балки ҳарфаш ҳарфи ҷанг буд, фикру зикраш «қаҳрамонӣ» буд ва писаронро дар ин рўҳ мепарварид. Шояд имрўз ҳама орзуҳояш барбод рафта бошад? Касе аз қаҳрамониҳои ў сухан накунад; ҷое, ки Искандар бувад, чӣ ҳоҷати ситоиши сипаҳсолор? Пушаймониаш аз ин рўст… Зеро лашкаркаши бузург Искандари Мақдунӣ чун дигар шоҳон ҷанги чунин далерону родмардонро мушоҳида накунад, балки худаш андар размгоҳҳо, бунгоҳҳо Бусефали болдорро ҷавлон диҳад, шамшер занад, қаҳрамонӣ кунад. «Шояд аз ин рў хуш наомада бошад падарро?» Никонор фикр кард ва дил сўхт ба ҳоли падар. Файлотус гаштаву баргашта менигарист ба падар, ба бародар, то чӣ гўяд бо онҳо.
— Он чӣ аз дастам омад, барои Мақдуниё кардам.. Баъд аз ин чӣ шавад… Гуфтан шарт нест… Аммо шумо худатонро эҳтиёт бикунед! Фурсат танг аст.
Бурҳон овард падар, аммо нагуфт, ки зери мафҳуми «фурсати танг» чӣ маънӣ пинҳон аст. Писаронро ба эҳтиёткорӣ хонд, вале ғами ботинии хешро ифшо накард. Моҷарои миёни шоҳу сипаҳсолорро нагуфт. Ва арза надошт, ки чаро Искандар дар чунин фурсати нобоб, ки бояд шоҳ Дороро дунбола бигирад, сипаҳсолори пурдидаро ба дигар сўй равона кунад.
Писарон ворид гаштанд ба ҳоли падар ва ҷудогона ҷонсўзӣ доштанд, ки падарро ба роҳе равона кунад, ки бозгашт надошта бошад; мадад карданӣ, аммо ноилоҷ. Ва Файлотус чун қарзи фарзандӣ фармуд:
— Агар Искандар рухсат диҳад, ман равам ба ҷойи шумо.
Падар ба андешаи дур рафт, худ ба худ сар ҷунбонд: «Ҷигар
– ҷигару дигар – дигар… Сипар шуданист ҷони маро… Искандар, ки хуни дигар дорад, ҳар қадар ҷон ба ҷонаш ниҳодам, бегона баромад. Ва «подоши амал» маро ба ҷое фиристад, ки на ҷанг ҳасту на балво…»

пешина
аз 391
навбатӣ