Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Миннатдор ҳастам, шоҳ… Ман дигар сипаҳсолор нестам, бознишаста ҳастам ва бояд ба Мақдуниё баргардам; боқии умрамро орому осуда ба сар барам…
— Оромӣ дар пеш аст, мўйсафед… Аммо ҳоло бояд фармудаи шоҳро бикунӣ!
— На, шоҳ, ман бояд ҳамроҳи иттифоқчиён ба ватан баргардам ва хотираҳои хешро бинависам.
— Хотираҳои хешро бояд бинависӣ?
— Оре, шоҳ!
— Чӣ гуна хотира?
Дили шоҳ Искандар раг зад, ки давоми умри сипаҳсолор соз нагирифт, ҳатман ўро бад нигорад андар хотироташ:
— Хуб, бошад… Бояд аввал ба Хазар биравӣ, то китоби хотиротат пурра бишавад…
— Китоби хотираҳоям пурраанд, шоҳ, аммо анҷомаш нохуш бувад…
— Коре бикун, то хуш гардад… – эътиборе надода ба анҷоми он, маккорона тап-тап бар китфи сипаҳсолор зад шоҳ: — Хафа нашав. Роҳи кавири Эрон сахт хаста кард ҳамаро. Вагарна ман ҳама хидматҳои туро донам.
Солори сипоҳ ҳайрон монда, ки бо ин ҷавонӣ ин қадар макру ҳиялро аз куҷо омўхта бошад. Дар ҳар синну сол – бо ҳирсу тамаъ ва шавқу умед – ба ҷанг рафтан имкон дорад, вале дар ҷавонӣ ба ин андоза маккору дасисабоз гаштан, ин қадар найрангу ҳиял омўхтан лоимкон бувад. Искандар ин чизро ноил гашта дар хурдсолӣ:
— Бояд ба Хазар биравӣ, на ҳамчун сипаҳсолор, балки чун сарфавҷ. Бояд бо роҳе биравӣ, ки гўри гурезон – Дороро рам надиҳӣ. Бо хоки Кадусӣ бояд биравӣ; аз тарафи шимоли ғарбӣ роҳ паймойӣ… Агар хоҳӣ, писаронатро низ бигир бо худ…
Сипаҳсолор чизе нагуфт. Ба фикр фурў рафт ва баъди муддатҳо фармуд:
— Ба хотири «Китоби хотираҳо».
Искандар табассум кард. Аммо сипаҳсолор бо ҳама зиракиву донойӣ ва таҷрибаи зиёд пай набурд, ки табассуми маккоронаи ў чӣ маънӣ дорад.
Пармониён чун падар ҳамин қадар тавонист, ки бо писаронаш
1 Никонори сарфавҷи гипастистҳо ва Филота (Файлотус) хайрухуш кунад. Чун худ надонад, ки дар Хазар (Гиркания) чӣ кор аст ва чаро равад, пурси писаронро посухи дуруст гуфта натавонад. Писарон аз чунин ташрифи нобаҳангом ва бемақсад хавф бурданд:
«Мо низ биравем ҳамроҳ!» Вале падар розӣ нашуд, рой надод:
- Гипастистҳо – дастае аз ҷондорони пиёдагарди гаронсилоҳи шоҳӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор