Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Як села кабўтарро нобуд сохтан хуб набувад. Ақаллан ҷуфте боқӣ бояд гузошт, то пайбур, решакан нагардад он села. Ҳамчунин наҷоду миллатро бункан, дудашикан кардан хосияте наорад. Чунон ки оли Ҳахоманиш шуда… Чунин кирдорҳо кайфар талабад. Хун хоҳад хун. Чашмро парда гардад. Раҳойӣ набувад аз бадкирдорӣ.
Кирдори бад хобро ҳаром гардонад…
Ё айёме фаро расид, ки кайфар гирам аз кардаҳоям? Он гоҳ, ки дар соли Искандар будам, бояд чунин меандешидам. Ҳолиё дер шуда; суде набахшад пушаймонӣ. Бо андешаву мулоҳиза ва хаёлҳои ширин чизе дигар нашавад. Гуноҳҳо шуста нагарданд; хунҳои рехта ҷон нагиранд; сарҳои бурида ба тан начаспанд; сўхтаҳо ба асл наоянд… Касе туфи ба замин андохтаро бозпас ба даҳон нагирад; оби рехта бардошта нашавад… Ай оби равон, бишнав! Асрори зиндагии маро ба соҳилҳо магўй, ки ба марзу бумҳо равад, ба шаҳру рустоҳо расад, овоза шавад… Агар ман аз азал ақл доштам, сўйи одами хуб сахт нигоҳ накардам, касро бад нагуфтам, инсонеро нафрин нахондам… ҳол он ки ман одам куштам, дижу коху кўшкҳо сўхтам, шаҳру рустоҳо хароб кардам, ободон вайрона гардонидам… Танҳо харобу вайрон кардани Персополис, то дунё ҳаст, рўйи марову халқи маро сиёҳ хоҳад кард.
Вале чӣ метавон кард? Дунону бадон дар олам кам нестанд. Яке аз онон манам. Худованд баду некро аз як шикам офарида. Лаҳзаҳо, заруратҳо, пешомадҳо одамиро ба вартаи бадномӣ тела диҳад, ҳарчанд ў некӣ кардан хоҳад. Кам касон пайдо гарданд, ки оташи хашму ғазабро фурў нишонда тавонанд ва гоҳи дашном ва сақат гуфтанҳо забон газанд.
Ай оби равон! Ту пок ҳастӣ, ки ҳама ифлосиҳо ва сиёиҳоро дар худ гирӣ ва нопокиҳои мардумро пок гардонӣ! Касон дидаву дониста, ҳама ҳаром, мурдорӣ, хун ва мезро бар ту андозанд; харе, ки хар аст, гоҳи убур дасту пой паҳн карда бар ту шошад; куштаҳоро бар об андозанд; дар тўбра ҷой карда, санг бор карда ба ту андозанд, то дар қаърат пинҳон дорӣ… Ай ту пастнишини пок! Пок гардонидан аз дасти одамӣ наояд: поктаринаш, ҳатто пайғамбараш, нопокие бикунад; тозатаринаш чизеро ё ҷоеро биолояд… Вагарна Одам аз Биҳишт ронда нашуда буд… Хубтаринаш касеро ранҷонад. Нахоҳад ҳам, ғайри ихтиёри ў корҳое шаванд, ношуданӣ… Ҳар кас шайтониҳо дорад ва дарандаруни ҳар кас каси дигар ҳаст. Касе, ки тахту тоҷ хоҳад ва бар сару дўши дигаре нишастанист, шайтониаш зиёд. Ва мани ба назари худам порсо низ кам шайтонӣ накардаам. Ва инашро ҳам гўям: агар шайтоние кардам, барои дигарон кардам; пиндоштам барои хеш кардам. Гумон кардам, агар шоҳ оламгир шавад, ман низ оламгир хоҳам шуд. Чунин набудааст, оби равон! Бузро ҳам аз пойи худ меовехтаанд, гўспандро ҳам… Боз як чиз, ки ҳама кўрону карону гунгон ва нафсдорон мекўшидаанд як касро бардоранд, то ба Худо наздик бошад.

пешина
аз 391
навбатӣ