Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кор кори Демади девона: ситоиш кунӣ ҳам механдад, дашном диҳӣ ҳам механдад, занӣ ҳам механдад… Дар ин дунё беақл будан чӣ хушбахтист? Кару кўру гунг будан хушбахтии бузург: нафаҳмӣ, набинӣ, нашунавӣ, напурсӣ…
Агар сипаҳсолор будан маънии ҳазорон сипоҳиро ба ҷанг омода сохтану овард кардану талаф додан, бегуноҳонро чун гунаҳгор куштан, кадхудоёнро бекада кардан, шаҷараи неконро гусастан ва тухмаву дудмони шоҳон гусехтанро дошта бошад ва ҳамаи ин зиндагӣ ном дошта бошад, туф кардам ба чунин зиндагӣ… Ҳамаи сифатҳои нозеб ва бад ва сиёҳранг мурдагианд, на зиндагӣ…
…Чилу ҳафт нафар ҷонашонро халос карданд аз ҷабру ситами сарбозӣ… Агар ман низ ҷонамро раҳо созам, нафаре дар он рақам зам хоҳад шуд. Вале чӣ суд, ки мардум дар азоб, лашкар дар азоб, мамолики бегона дар азоб ва Замину Осмон дар азоб бошад?
Ҳарчанд ки сипоҳ бо як ҳавасу умед, ниммасту нимҳушёр пеш меравад; ташнаву гушна, нимбисмил мегардад, амалашон кирдорашон, рафтору гуфторашон инсонӣ набувад; баъзан даррандаро монанд, гуруснаро монанд, нодидаро монанд… гоҳе бардавор, ғуломона рафтор кунанд… лаҳзаҳое шавад, ки аз лошахўру рўбоҳи ҳаромлуқма гузаронанд; як гург занад, сад рўбоҳ хўрад, лошааш насиби каргасҳо… Ҳамон каргасҳое, ки Искандар аз онҳо ҳазар кунад, бад бинад, аммо вонамуд накунад… Агар ҳамаи инро дар овони тифлӣ дониста будам, гарди остонаи мактаби Суқроту Афлотуну Арастуро лесида будам... Ақли одамӣ замоне мерасидааст, ки фикри мурдан ба сар занад; нобакориҳоро зиёд бинад ва донад, ки ҳама тохтутозҳо барбеҳуда; ҳама гуна доду фарёдҳо дурўғин: касе барои диёр, ватан, миллат, халқ ҷон накоҳонад; шиорҳо ҳама назарфиребанд, чашми мардумро хок зананд… Бисёриҳо баъди сарашон қаҳрамон шаванд, ягон-ягон зиндагон, ки кас дошта бошанд; Ин чиз барои фиреби дигарон бошад, то ҷояш ва мақомаш ояд, аз ҷон нисор кардан рўй натобанд, балки чашм пўшида ба «роҳи мурд» раванд; пасовандон омўзанд ва донанд, ки халқу ватану миллатро чӣ хидмати шоистае бояд бикунанд…
Ватани Искандар дар он канори дунё монд, модараш монд, миллаташ монд… Худояш норавшан… Вале он қадар саронро барбод диҳад, киии… Худоё! Тавба, тавба… Омада-омада аз ман бим кунад; аз мани пир, ки на талабе дорам ва на ҳаваси тоҷу тахт.
Ў чаро биму шубҳа аз ман кунад? Ҳа-а-а… донад, ки ман сарфаҳм рафтаам ба маънии зиндагӣ; ба маънии баду нек. Баҳою бақои ҷангу куштору қимати зару симро донам. Донам, ки ҳама мисли ин дунё як ҷаҳони фусўсе беш набувад; боду абр. Даргузар. Чаро инсон фикр накунад, ки симу зар душмани бадтарин бошад; хобатро ҳаром гардонад; ҳатто дар гўр осуда нагузорад... Чунон ки Куруши Бузургро...

пешина
аз 391
навбатӣ