Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Пармониён дарёфт хашми Искандаррову нияти ўро; хомўш монд. Хун зад ба сараш ва пеши чашмонаш тира гаштанд; Гўйӣ хун гирифта буд. Ва фикре омад ба сараш, ки бо як шамшер задан сар аз тани шоҳ ҷудо созад, то хешро раҳонад аз маломат ва сипоҳ аз азият. Аммо дарёфт иғвои шайтониро ва чунин бадкешӣ раво надонист.
— Бале, шоҳ, хуршед ҳама рўзҳо бо як хат нагардад.
Ин ҳарфро гуфту дар бало монд:
— Пас ин хати тозаи сипаҳсолор бувад? – бо ишораи даст мурдаву лошаҳои зиёдро нишон дода пурсид Искандар.
— Инро надонам…
— Пас чиро донӣ? Модом ки пеш аз шоҳ омадӣ, бояд бидонӣ!
— Чунон ки маро гуфтанд: кўшк зери об рафта ва об ҳама хуфтагонро рўфта.
— Чӣ кўшке буда, ки чунин амал карда? Магар он кўшк дасту пой дошта ва ё ҷон дошта.
— Огаҳӣ надорам…
— Чун огаҳ нестӣ, чун сипаҳсолор бояд ҷавобгўй бошӣ!
— Фармон шоҳрост; ҳар чӣ фармоянд, раво бошад… – Кинояомез буд ҳарфи сипаҳсолор.
Искандар ин суханонро хушомад дониста, андаке аз хашм фуромад ва мурдаро монда, тутхўрӣ, ба тафтиши кўшк омад. Ва гўйӣ ҷони сипаҳсолор раҳид. Чун шоҳ фарши ба об шустаро дид, ҳайрон монд ва асбобу усули ин корро ҷуст. Чун кўшки даруни обро дид, дар шигифт шуд Искандар, ки чун даруни об равад сеқабата кўшк. Фарши ошёни саввумро об мешуст ва сақф ба об хамида буд.
— Бурун оваред!
Фармуд шоҳ, вале касе аз ҳозирин надонист, ки бо чӣ роҳ бурун оварад ва аз пайи ҷустуҷўи ҳунарманде шуданд. Искандар, ки аввалин бор чунин найрангро дида, зиёд тааҷҷуб кард ва аз рўйи шунидаҳояш қоил шуд шарқиёнро, ки тадбирҳо ва ҳилаву найрангҳои беҳисоб кунанд. Пасон дар дил шукр гузорид, ки дар он кўшк нахуфта, кохро гузидааст. Зеро танҳо чанд тан обдонҳои нимҳушёр тавонистаанд аз ин гирдоби фано ҷон ба саломат баранд. Ба ҷойи он ки он рўз сарбозон нафас рост кунанд, вақти худро сарфи дафни ҷанозаҳо карданд.
БАНДИ ЧАҲОРУМ
Пармониёни пири сафедмўйи зардабрўй, ки ҳанўз ҳам қомати
варзидаву низомиёнааш боло буд ва хафтону ҷавшан ба бар накарда бошад ҳам, родмарду далер метофт, канора ҷўяд аз Искандар ва
аз чашми ў дур буданро авло шуморад. Пиндорад, ки касе ба шоҳ бадгўйӣ карда ва Искандар ба д-ў бадгумон шуда, бад дидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор