Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агар хоҳиши бозмондан доранд… тавонанд бо қарордоди нав дар сафи артиши мақдунӣ хидмат кунанд!
Сафҳову раддаҳо ба ҷунбиш омаданд. Миш-мишу баногўшӣ шуд. Бусефал дастак зад ба замин ва асбони дигар сайҳа кашиданд; сарбозон баробар садо дардоданд:
— Зиҳӣ Искандарро!!!
Ва Искандар даст ба хомўшӣ бардошт, пасон афзуд:
— Гарпали ганҷур дастмузду вом гузорад ва хоста бахшад!
Бояд арз кунам, ки сипаҳсолор Пармониён ба сабаби куҳансолӣ бознишинӣ хоҳад! Вале мо хидматҳои ўро шоиста медонем; ўро ёвари Гарпал таъйин мекунем! Инчунин ў раҳнамои фавҷи шашҳазора андар Окботоно хоҳад монд!
Боз миш-мишу баногўшӣ шуд миёни сипоҳ. Вале имконе нашуд, ки Пармониёни солдида ва пуралам назди сипоҳ арзи дил кунад.
Якбора садои ҳамҷўри сипоҳу сарон омад:
«Зинда бод сипаҳсолор!!!»
Ҷуз Искандар ҳама садо дардоданд. Дар чашмони сипаҳсолори ҷонфидо сиришк дамид ва ҳарчанд зўр зад, донаи андар гулў бозмондаро фурў бурда натавонист.
— Ҳамагонро фароғати хуш орзу дорам! Фурсат танг аст, истифода баред!
Ғалмағале шуд, ки каргасҳо ва зоғони сиёҳ андар фазо доштанд. Гўйӣ ҳама сарҳисоб гум карда буд. Агар онҳо майли ватан доштанд, имкони аз ин роҳи дур то ватан расиданро надоштанд.
Сарбозон аз талаву тороҷ он қадар симу зар гирд оварда буданд, ки ниёзе ба зару зевар ва тўҳфаи Искандар намонда. Вале ба бозгашт чора набуд. Ҳарчанд шоҳ Искандар фармуда Пармониёнро, ки ба гуселу пешвози сарбозон раҳнамойӣ кунад.
Ва аммо сипаҳсолори умрдида ва дунёпаймуда аз ин хусус парво надорад: «Оқибаташ ба хайр бошад…» гўяд ва гўшае хилват ҷўяд, то мўя кунаду гўя ба ҳоли хеш… Лек чунин имконро надорад. Ва агар ў донад, ки сипаҳсолори Порс Ортабоз низ бадтар аз ин ҳоле дорад, хорӣ кашад, ки анҷоми рўзгори ҳама гуна солори сипоҳ якранг бувад; чун пойафзори дарида дур андозанд ва ё бо он сагро зананд.
Ду сипаҳсолори машҳури ҳамзамон ва душман бехабар аз сарнавишти якдигар ҷудогона ба қадри хеш, ба ҳоли хеш сўзанд; пушаймон аз кардаҳои хешанд, ки қаҳрамониҳо, кушторҳо, сўхторҳо, талаву тороҷ, тартумартҳо ва бераҳмиву ноҷавонмардиҳо аз баҳри чӣ буд ва киро буд? Агар ҳарду ҳамҷоя пушаймон буданд ва сўхтанду гиристанд ва ба қадри якдигар расиданд, шояд мушкилоти ҷанг осон мешуд; шояд дигар сипаҳбадон, сипоҳу сарбозон шоҳонро хидмат накарда буданд; шояд гурехта буданд аз бунгоҳҳо, қатлгоҳҳо; аз пархошҳо, размгоҳҳо; шояд рў тофта буданд аз шоҳони пархошгар, то онҳо низ рў тобанд аз разму ҷанг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор