Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Боз ҷом сўйи Биталомус ёзид. Шоҳзода ҷом рабуда нигарист; чизе ё касе надид андаруни қадаҳ. Китфон дарҳам кашид:
— Таб надорӣ, Искандар?
— На, таб надорам. Кўр ҳам нестам. Он савор резгӣ набувад, ки набинӣ!
— На-на! Чизе ё касе нест!
— Ку шаробро бинўш!
Ва Биталомус дар шигифт бимонд, ки муроди шоҳ чист? Чаро баъди ин қадар пурсуҷў ва «бозӣ» якбора ўро ба шаробнўшӣ хонад? «Магар заҳрогин бувад?» Ва дасташ хамид. Шароб рехт.
— Ту, ки аз шароб рўй натобӣ, чаро резӣ?
Биталомус ба худ омад ва донист, ки шароб рехта. Искандар аз дур овард кард:
— Ўро бояд дар Миср вогузошта будам… Баъди пирўзӣ ва гоҳи бозгашт туро он ҷо хоҳам монд, шоҳзодаи мисрӣ…
— Аз лутфу марҳаматат шодам… Аммо чаро ин ҷомро худ нанўшида, маро диҳӣ?
— Ман зиёд нўшидам. Инак ту бинўш ва шояд баъди он савори низомипўши даруни ҷомро бубинӣ.
— На! – хитоб кард Биталомус ва шароби мондаро бар қолӣ пошид.
Искандар хашм гирифт.
— Чӣ кор кардӣ? Пиндоштӣ заҳрогин буда?
Биталомус чизе нагуфт ва рў тофту рафтагор шуд.
Искандар боздошташ. Аз нав шароб пур кард ҷомро; ба сар кашид ва боз пур карда ба Биталомус ёзид.
— На… Майл надорам…
Искандар баланд хандид ва фармуд:
— Ҷон фақат Искандарро азиз набудааст… Дигаронро низ ҷон ширин… аз мурдан тарсанд…
— Бале, дигарон аз мурдан тарсанд, танҳо ту натарсӣ… Зеро ҷони ту харида…
Искандар як қад парид аз чунин сухан:
— Яъне, чӣ?
— Ҷони ту баҳои Мақдуниё… онро эҳтиёт бояд кард.
Ва Искандар ба андеша рафт, маънии сухани ўро дарёфта, сар ҷунбонд:
— Ҷонгарав бигў…
— Оре… – ҷоми дасти Искандарро гирифта гуфт Биталомус ва ба сар кашид: — Мурод аз ситоиши Ҷоми Ҷам шароб хўрдан буд?
— Чаро ту ҳазл пиндорӣ? Охир ман дидам он саворро андаруни ҷом.
— Дар ин олам чӣ рўйдодҳое шавад… Вале касеро ин рухдод магўй, ки ханданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор