Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар ҳамон сари рикоб боло шуданаш зери пардаи бунафшаранги субҳдам сиёҳии азимеро дид, ки пеши роҳро баста буд. Ва чун оҳиста-оҳиста дарвозаи бомдод кушода шуд, кўҳи баланде пеш омад, ки бар сар кулоҳи осмониранг дошт.
«Кўҳи Обӣ! Кўҳи Обӣ!»
Фарёд зад Можиёс ва бо чунин ҳаяҷон ва ба ваҷд омадани хеш дар ҳайрат гузошт ҳамагонро. Зеро дигарон низ ин кўҳи сарбафалакро дида буданд, вале «Обӣ» будани онро надида ва надониста буданд ва чаро Можиёси беқарор якбора биҷўшид. Зиёдтар таваҷҷўҳ карданд ёрон ва кўҳи сиёҳро диданд, ки гармои кавир сўзонда бошад. Ҷо-ҷо марғ метофту сабза ва ягон-ягон буттаву рустанӣ. Ва чун арақчини сари пирмарде бар фарқ барфи сапед.
Искандар хеле мулоҳиза кард шодмонии Можиёсро:
— Оби Ҳаёт ин ҷост, Можиёс?
— Оре, шоҳ! Оби наҷотбахш ва ҳаётбахш ин ҷост, моро умри дубора хоҳад бахшид.
Искандар дигар чизе нагуфт ва ин маъниро зиёд андешид ва паҳлў гардонд; маъниҳои рамзии Оби Ҳаётро фикр кард ва ба хулосае омад, ки шояд аз фарти беобӣ, бемадорӣ, баъди убури кавири Эрон ба ин манзил расида, офаридгор чунин ниҳода бошад ин кўҳро. Вале чун як донишманди эронӣ сўҳбати эшонро гўш медод, маъниҳои рамзии сўҳбатро сарфи назар карда, фармуд:
— Ин кўҳро Дамованд ном баранд; кўҳи бадикуш! Ба хотири некии маздойӣ ҳама бадиҳои аҳриманиро нобуд созад ин кўҳ.
Умри дубора бахшад неконро, минҷумла Искандари Мақдуниро.
Ва ба чашми Можиёс «Кўҳи Обӣ» тофтани Дамованд аз ин рўст.
Обу гиёҳи ин кўҳ умри дубора бахшад ниммурдагонро. Бадтарин зодаи Аҳриман Заҳҳоки Моронро шоҳ Афредун таъқиб карда то ба ин кўҳ овард ва дар ғоре ҷой дода, кушт. Ва аз он рўз то ин рўз ин кўҳро кўҳи Бадикуш номанд… Сахтиҳо паси сар шуданд…
Искандар ҳайрон монд аз донишмандии як нафар эронӣ:
— Ай эронӣ! Ту, ки балад будайӣ ин мавзеъро, чаро нагуфтӣ маъвою макони оташу обро?
— Ё Мақдунӣ! Ман надида ин ҷойҳоро, танҳо шунида аз мўъбадони доно, ки достони «Кова ва Заҳҳок»-ро ҳикоят мекарданд.
Аз он ки мо кавири Эронро убур карда ба ободон расидем, яқин кунам, ки ин кўҳ кўҳи Дамованд аст.
— Ва дар ин роҳ чоҳе буд? Чашмае буд? – қасдан пурсид Искандар.
— Агар дониста будам, шуморо гуфта будам, то шумо ин қадар азобу ташнагӣ накашида будед.
— Дурўғ гўйӣ, эронӣ!
— На! Дурўғ нагўям… Чаро шуморо дурўғ гуфта, ба ҷони хеш ҷабр кунам? Дар оини мо дурўғ гуфтан бадкешист.

пешина
аз 391
навбатӣ