Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Бале!»
Искандарро арақи сард пахш кард, ки рўзи табларза гирифта, тафс бароварданаш чунин ҳолат рўй дода буд. Арақи пешониро бо ангушт виреҷида, аз нўги ангушт ба хок андохт, ки дудаш баромад.
Беҳол гашт Искандар, вале касе ҳолати ўро пай бурда наметавонист; ҳамагон, ҳатто Барзин пиндошта буд, ки Искандар дил надорад ва ҷуз ғами хеш ғамеро надонад. Каси падарро раҳму шафқат накарда ва ё сухани модарро напазируфта; аз гарданшахиву якравӣ ба чунин сахтиҳо рў ба рў омада, магар писарро раҳм кунад? Ғами ўро хўрад?
Хомўш, беҳуш, гирифтори андешаҳои мағшуш гом зад ба роҳи омада. Миёни дидагонаш гамбускаке хазид андар регзор.
Нуқтаяки хурд: «Магар Геракли кўчак хазад?» Арақи хонаи чашмро бо пушти мушт сутурда, дурусттар нигарист, ки ду тан миён шикаста гардунаи ўро мекашанд. Ва чархҳои фурўрафта ба рег қурси қамарро монанд, ки як карчи онро сояи Замин рўпўш карда бошад. Мағзи сари Искандар, ки ғубори шароб тира карда буд, кушода шуд ва якбора ба ҷойи Геракли хурдак ангораи падари якчашма ва шабаҳи модари нозанинаш пеши назар омаданд; дилаш гум зад ва донист, ки то ба воят расидани ў зодагон чӣ ғам хўрда бошанд, чӣ талошҳо карда бошанд; дар ёд дорад баъзеашро. Ва ҳолиё Олимпиада дар роҳи бозгашти ў чӣ чашм сапед карда бошад?
Донаи мева қиматтар ва азизтар бувад аз худи мева. Ана он гамбуски саврӣ барин сиёҳие, ки миёни регзор мехазад, Гераклро пеши чашми Искандар овард: «На, ў чунин хазида натавонад…
Ҳарчанд ки аз хуни Филипп, аз хуни Александр бувад…» Ҳушёрона хулоса баровард ва наздик омад ба Барзин.
«Куҷост Геракл?»
Барзин посух надод, балки зуъм кард ва ё дарёфт, ки падар пазмон гашта писарро. «Чӣ гуна? Чӣ хел?» пурсид дар дил, вале нигарони посух нашуда, ба қадри хеш гирист.
— Мепурсам, ки чӣ шуда бо ў?
Барзин донист, ки Искандар ўро писари хеш донад, сар ҷунбонд ва фармуд:
— Надонаме… Он ҷо буд… Дар гардуна…
— Зинда ё мурда?!
— Надонаме…
— Ту чиро донӣ? Магар модараш нестӣ?!
— Модараш ҳастам.
— Пас чаро надонӣ, ки чӣ шуда бо ў?!
— Магар падар донад, ки чӣ шуда бо писар?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор