Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Чу, ҷонвар!» Садояш базўр расад ба гўшаш, ки биёбони беҷону бечораву ташна фурў барад низ нафаси хушку тафсони ўро, ки то гўши Бусефал нарасад. «Хоб бинанд ин мурғони бадният».
Андешаҳо парешонтар гардонанд шоҳи мақдуниро. Бад дид мурғони баднамудро. Пиндошт сабабгори ҳама бадбахтиҳои кавири Эрон ҳамин мурғони шумдаҳон ва бадхоҳанд; болотар аз сари инсон мегарданд; наздиктар ба Худои Осмон Крон ҳастанд ва нияту илтиҷову талаби онон зудтар расад яздонро ва мустаҷоб шавад ва Худованд подафра бахшад. Аз ин рў шоҳи тезхун ситезид ва тир ба ҳаво андохт чун Шаддод. Вале тир аз миёни болҳои рехтаи роғ-роғ гузашта лошахўронро нарасид ва баргашта ба реги нарми биёбон халид; дуди пайкони заҳрогинаш баромад.
Ғазаб кунад шоҳ ва хашмӣ гардад. Маҳмез занад асбро ва рон афшурад. Аммо Бусефал илоҷе надорад ба сум бардоштан чун дигар сутурон.
«Дориюш дониста ин роҳро ва махсус андар Экбатон ҷой шуда… Чу!»
Ў вазн бар рикоб андохта, майл пеш барад, то сабуктар бошад Бусефалро. Ду понздаҳ – як сӣ. Асб сабукиро эҳсос надорад, бал арақшор аст.
«Аҷаб аст, ки расида нашавад ба он гўри гурезон…»
Дорои Саввумро дар назар дорад Искандар, ки бо чунин суръати ҳаракат натавон дарёфтан. Ҳарчанд пошна занад, рон афшурад ва тозона баланд кунад; як гардан аз дигар саворон пеш гузарад Бусефал; шоҳи мақдунӣ дарёбад, ки бо чунин ҳол нарасад то манзил. Ихтиёрро ба асб партояд. Ҷонвар бозмонад миёни реги тафсон… Лоилоҷ бору зини асбон кананд ва аз бемадорӣ рўйи рег ғел зананд. Эшон, гарчӣ кавир танўрро монад, дам рост кунанд, ором гиранд, пасон шабравӣ кунанд. Ва донад, ки сайди ноаёни ў – шоҳи Ҳахоманишӣ дуртар равад.
«Чун Геракл ин сайди бодпоро ланг бояд кард…» – Сайёдии Геракл ва тир хўрда лангидани оҳуи симинсоқро дар назар дошта, андешад Искандар ва ситезаду ба шўр ояд: «Ин асби ландаҳўрро қурбон кунед ба ёди Геракли диловар!»
Ва қурбониҳо кунанд роҳ ба роҳ: дар ҳар раҳойӣ, ҳар пирўзӣ, гоҳи зарурати баҳор, андар тангдастиву гирифтҳо – чунон ки ҳолиё ва ҳангоми ғанимат гирифтанҳо.
Андар сояи пардасаро, паноҳ аз чашми хуршед бошанд, аммо аз зери пой оташ дам занад. Нафаси сўзони регзор шорсонро дам занонад ва касро пазонад; ҳавои гарми кушоди офтобӣ хубтар аз ҳавои гирифтаи чодар. Чунин вазъу ҳол моҳиеро ёд оварад андар тоба. Сусморҳои гармидўст низ даҳон воз дошта тозанд сўйи хаймаҳо, ки соя доранд ва бардаҳои атрофи хайма бо шамшерҳои тез қалам кунанд он бадрўҳои тезтозро. Искандар тарсад аз чунин хокиён ва хазандагони бадсурат ва зиштсиришт, ки қасди одамӣ доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор