Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БАХШИ ҲАШТУМ

БАНДИ ЯКУМ

Ва Искандар лашкар кашид сўйи Ҳангаматон – яке аз пойтахтҳои чаҳоргонаи мулки Порс. Лашкаркаши мақдунӣ дониста, ки шоҳ Дорои Саввум бо зару хостаи зиёд андар боргоҳи тобистонаи шоҳони ҳахоманишӣ айшу ишрат дорад ва гирд оварда сипоҳи фаровон. Маликуррум низ аз ҳисоби ҷавонони Эроншаҳр, Кўҳистони Эрон ва мавзеъҳои шимолу шарқии Эроншаҳр Пасаргада, ки бо саҳл баҳона лашкар кашида ононро ғулом гардонида буд, сафи сипоҳро пур кард. Аммо дудила ононро нигоҳ медошт, то рўзи шоҳ Доро ба сарашон наояд; мабод, ки сарбозони кирояи бегона, меҳр ба диёру халқи хеш баста, хиёнат ихтиёр кунанд. Аз ин рў бо фармуди шоҳ Искандар сарбозони эрониро зери назорати махсус гирифтанд. Сипоҳи ў фузунтар аз пешин шуд.
Зеро баъди талафоти Остонаи Эроншаҳр лашкари мақдуниёну юнониҳо талафоте надода… Ва лашкаркаши бузург пушти зини Бусефал гулу гиёҳи баҳорӣ ва шукуфаҳои рангини сари роҳро тамошо карда, андешаманд роҳ месипард, ки хуни тези ўро ба ҷунбишу ҷўш оварда буд рангорангии фасли баҳор. Ва баҳори зеборо муқоиса мекард бо феълу хўй ва рафтору кирдори мардуми Машриқзамин; хулосаҳо низ мебаровард: «Шарқиёнро бо дасти худашон бояд кушт… Ин мардуми баччафеъли зудбоварро бо якдигар шўр бояд дод…» Ҳамзамон панди модар Олимпиада ёд меомад: «Хешро аз худиҳо ва мақдуниён эҳтиёт бикун!» Хеле рафт андешаманд ва ҳама гуна касони шинос ва рафтору кирдори ононро пеши назар оварда, хулоса баровард: «Пас дар ҳама ҷо хурўс якранг бонг занад… Ҳар киро кам расад, дасисаҳо кунад; Чунинонро миёни худиву бегона фарқе набошад – гўр сўзаду дег ҷўшад…»
Андешаҳояш зуд-зуд ҷой иваз кунанд; пароканда ва берабт.
Ҳатто миёни садҳо андешаву хаёл гоҳ-гоҳе писараш Геракл пеши назар меояд, ки аз модару фарзанди Доро ҳам дуртар умр ба сар барад. Ҳама вақт дар як лашкар қарор доранд, дер-дер бинанд.
Чун рў ба рў оянд, монандаи дигар тифлон Геракл ба падараш начаспад ё майли ба оғўшаш рафтан накунад, балки баробари

пешина
аз 391
навбатӣ