Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

сипаҳбадонро ҳушдор надода ва огоҳ накарда, худ садо дардод:
«Саф ороед!» Чун боре лашкаркашро дар чунин вазъу ҳол надида буданд, осема саф оростанд: сарфармондеҳ садо баланд кард:
«Дўстон ва иттифоқчиён! Моро сахту сангин ва нангин бувад, шаҳри Тирро ба ҳоли худ вогузошта ба Миср лашкар кашидан!
Ё Дороро таъқиб кардан! Зеро порсиён худованду ҳокими баҳр ҳастанд ва Мисру Кипр низ дар дасти онҳост. Чунин шароит пурхавф бувад дар вазъу ҳоле, ки Эллада дорад. Худо накарда, порсиён аз нав ҳокими ин музофот гарданд ва эшонро ба ҳоли худ гузошта рў ба Бобул орем ё аз пайи лашкари Доро овезем, онҳо нерўи зиёд фаро оранд ва ҷангро ба Эллада кўчонанд; лакедемонянҳо (спартиён) филфавр бо мо овард хоҳанд кард; отиниён то ҳанўз аз эшон зиёдтар хавфу ҳарос доранд, ки аз мо. Агар мо Тирро ба даст орем, саросари Финиқия мулки мо хоҳад шуд ва артиши бузурги финиқӣ, ки нерўмандтарин артиши порсиён бувад, ба даст хоҳад омад!... Чун ин мулк аз они мо гардад, заврақронҳо, сафинадорон, нохудоёни киштиҳо аз тани дигарон ҷанг нахоҳанд кард… Дар чунин вазъу ҳол Кипр бо осонӣ бо мо ҳамроҳ хоҳад шуд. Чун сафинаҳои мақдуниён ва киштиҳои порсиён – финиқиён худовандони баҳр гарданд ва Кипр ба эшон ҳамроҳ шавад, ҳокими мутлақи баҳр буданамон собит гардад ва юриши моро ба Миср монеъае намонад. Агар Мисрро низ ба даст орем ва аз хусуси Элладаву хонадони хеш хотирҷамъ шавем, рўзе ба Бобулистон мерасем! Ва чун порсиёнро аз баҳр ҷудо созем ва заминҳои Евфратаро аз дасти онон кашида гирем, моро зиёдтар эҳтиром хоҳанд кард ва надидаҳо хоҳанд ҳаросид!»
Ба ҷунбиш омадани сафи сипоҳ, ҳамдигарро нигаристани сипаҳбадон, сўйи шоҳ сар андохтани низомиёни ҷудогона, сайҳа кашидани асбони дамгирифта Искандарро ба таҳлука овард.
Пасон дерёз ба андеша рафт чунон ки андар соҳили Граника. Ў тарзу усул ва роҳи ҳалли кор меҷуст, вале ёронаш пиндоранд, ки лашкаркаши беназир аз мушкилоти пешомада гирифтори фикру хаёл гашт. Як тори нур аз сараш гузашт: «Димишқ бояд замоне осуда бошад». Чун ба худ омад, мушкилотро пазируфт ва яқин кард, ки қисматаш чунин буда: бо машаққат, бо зўрӣ, гоҳе осону саҳл ҳама чизро ба даст орад.
— Зинда бод шоҳи тавоно!
— Поянда бод Искандари Мақдунӣ!
Чунин нидоҳо ўро ҳайронтар гардониданд. Ў дарёфт, барои аз ҳолат бароварданаш дўстон садо кунанд, то болидарўҳ доранд шоҳро.
Пой дар рикоб тира кард Искандар, рост шуд тори зин ва шамшер ба ҳаво бардошт, ки само сўрох мекарда бошад; пасон садо дардод: «Ба Мелкарт!» Шаҳри куҳанро дар назар дошт ў; сипоҳигарӣ низ кард, то чашми душман бифиребад; онҳо пиндоранд, ки Искандар бирафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё