Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале мурғон дур намерафтанд ва пароканда намешуданд.
Ў намедид пирамардеро, ки хамидақомат, асобадаст; абгортар аз ў миёни мурдаҳои зиёд гашта, хаму рост шуда ва бо нўги асо мурдаҳои чун ў пасрў афтидаву фавтидаро рўгардон карда, худ ба худ сар ҷунбонида, бо сад афсўсу надомат ба сари мурдаи дигар гузашта, сахт дол гашта, дигареро аз назар мегузаронад.
Пас аз беҳолӣ монанд ба каргас чукка зада ба сари мурдае менишинад, вале рўшан нест, ки мегиряд, таассуф мекунад ва ё ҷайб мекобад. Рўшан бувад, ки дуздида-дуздида ба атроф менигарад аз зери тўбраи чўпонӣ ба сар кашида ва мурдазорро чашм мечаронад. Чӣ мегўяд, аз дилу мағз чӣ мегузаронад ва ё чӣ мехоҳад, касе намедонад.
Ба мурдаи асбони варамида, ба пилони чун кўҳи ламида мурдаҳоро зер гирифта мароқе надорад, наздашон намеравад ва боз корзорро бекас дида як-як хабар мегирад маслухонро. Аммо ба чизе кор надорад: ба ҷайби касе даст намебарад, зери хафтону ҷавшан ё даруни нимланги ҷанговареро намекобад. Танҳо менигарад ба ҷеҳраҳо; писаргумкарда ва ё бародармурдаро монад.
Хеле гашту ҷуст, пайдо накард гумкардаашро. Боз нишаст хаставу бемадор такя ба мурдаҳо зада ва ба атроф менигарист, сар меафшонд ва мазмун, аз мурдаҳо пўзиш мехост барои ба болояшон пой гузоштан. Дуртар каргаси беқарор бар мурдае менишасту мехест, менишасту мехест ва бол-бол зада андаке дур нишаста, лўклўк тори мурдаҳо меҷаҳид ва мерафт боз бар он мурда. Диққати тўбрабасарро ҷалб кард ва ў аз муттакои мурда бархеста он сў равон шуд. Вақеъан мурғи бадрў шилқин гашта буд ба он мурда.
Зеҳн монд он ҷо; мурда чӣ коре мекунад, ки каргас меҷаҳад ва боз менишинад. Муборизаи ҳаёту мамотро мемонад.
Ў омад ба ин тараф ва мурғро хўсонд. Наздик шуда, назди майит нишаста, асо паҳлў гузошта, дудаста мурдаро рў гардонд ва худро паҳлўяш ёзонд:
«Пада...»
Аммо аз падар садо наомад. Ў бори дигар атроф ва мурдазорро аз назар гузаронида паҳлўи мурда дароз кашид ва ба ҷойи пурсу посух гирист. Пас паҳлў гашта зиреҳи чашмбанди ба рўй афтидаи ўро якбара кард ва такрор намуд:
«Пада!»
Ў чашмпўши чашми мурғ минқорзадаро ҷунбонд.
«Пада... Ман Ориёбарзан...»
Падар ҷунбид ва чашм нимкоф кард.
Писар шод гашт, ки падар рамақе дар ҷон дорад ва ҳарфро зиёд накарда, як бор ба асби хеле дур бастааш нигарист ва падари тануманди гаронвазнро бардошта то он ҷо бурданӣ шуд.

пешина
аз 391
навбатӣ