Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро ман ба одам, ба шоҳон, ба вазирон ва ба мўъбадон бовар карда, хун рехтам дар ин олам; одам куштам, дижҳоро оташ задам, ободонро хароба сохтам; яъне: куштам, сўхтам, бурдам…
Солори сипоҳ будам. Хешро болотар аз шоҳ медонистам андар набардҳо, ки ман набошам, шоҳ пойдор нест; мулк пойдор нест.
Сохтану бохтан вобаста сипаҳсолорро бувад. Гўё дунё дар кафи ўст ва Худо ёри ўст. Зеро Худованд ҳама замон тарафдори зўр бувад. Ман хешро зўр медонистам ва чун дар набардҳо пирўз шудам, худро пирўз донистам. Кулоҳам дар сар ҷавлон мезад андар майдонҳо… Вале ин шоҳи нотавон боли саманди бодпойро шикаст, шамшери тезро кунд кард. Олами равшанро зулматсаро гардонд. Пир шудам… Суханам шамшергузар буд, ҳолиё дамгашта. Фарзанди худам ҳарфамро гўш надиҳад; бовар надорад маро; назди Бесуси Бохтарӣ тозад… Ҳайфам меояд! Хориам меояд. Ба ҳама чиз ҳайфам меояд, ки умр барбеҳуда рафт… Гоҳи ғурур буд ва пой андар рикоб. Пиндоштам, ки болотар аз сипаҳсолор касе нест. Ҳатто шоҳон ба солори сипоҳ эҳтиёҷ доранд. Зеро агар сипаҳсолор хоҳад, дар оне сари сипоҳ сўйи диж гардонад ва шоҳ аз тахт барандозад. Аз ин рў писаронамро низ илми ҳарб омўхтам, то кишвар дифоъ кунанд… Ҳолиё саркашиҳо доранд ба иллати ноўҳдабароиҳои шоҳи бетухмаву дудмон… Суд надорад ҷангу пархош; ҷуз бадномӣ чизе наорад… Дер шуд; писарон аз роҳ боздошта нашавад. Устухонашон бо ҷанг шах шуда… Худованд, нигаҳ дор, то устухонашон осиёби гардони ҷанг орд накунад…
Кайфари илми ҳарб чунин бувад, ки падарро бо писар ва писарро бо падар душман созад. Ай Аҳура Маздои бузург! Мебинӣ?
Мешунавӣ? Ман аз пайи писар омадам, то писарони дигарро низ
1 дошта бошам! Ҳамчун Фонис дар хум рехтани хуни фарзандони хешро набинам…»
Ба танг омад Ортабоз. Писар «Роҳат бикун падар, осуда бош!»
гуфта баромад. Аммо ў фароғат надорад. Ба назар мору каҷдумҳои зери бўрё ба ҷунбиш омаданд ва ўро то баргашта омадани писар неш зада, заҳрогин гардонида, зинда нахоҳанд монд.
Аз паҳлўи дарпарда сар бурун овард, ки Ҷиран тобад ё на, то бинишинад бар зини он ва инон тобад сўйи шаҳри Мод. Хоҳнохоҳ Ориёбарзан аз даст рафт, дигар бар нахоҳад гашт; ба назди шоҳ Доро бар нахоҳад гашт. «Ба ҳар тақдир зинда. Он ду писари дигарро ҳимоя бояд кард.» Дарёфт, ки Ориёбарзанро бурда натавонад; сарашро бурдан нахоҳад…

  1. Фонис – навкари фиръавни Миср, ки барои асрори мисриёнро ба шоҳаншоҳи Эрон Камбуҷа ҳувайдо сохтанаш пеши чашмаш писаронаш сар заданд ва хунашон ба хум рехта ва бо обу шароб омехта сарбозонро хўронданд.
пешина
аз 391
навбатӣ