Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳар кас тавонад хешро ҳимоя кардан, – ҳамроҳ шуд Ортабоз,
– танҳо натавонад Эронро ҳимоя кардан.
— Чаро? – пурсид Бесус.
— Маврид буд, чора буд, нерў буд… дидем, ки нашуд. – гила буд ё таъна, Ортабоз фармуд: — Биёед таҳи корро накобем. Зерасоси дижро кобанд, диж воруна шавад.
— Мурод ин аст, сипаҳсолор. Ин тахти ломакон ва нобасомонро воруна бояд кард!
— Муроди шуморо мефаҳмам, Бесус… Шумо пиндоред, ки бо пасгуна сохтани шоҳ Доро Эронро дифоъ хоҳед кард… Осон мапиндоред. Ин ҷо хатаре пеш омада… Пўзиш аз шумо… Ҳама ба бехудойӣ рў овардаем… Бино бар он Аҳура Маздои бузург рў тофта аз порсҳо. Ҳар ҷо, ки ғам резад, садои айшу мусиқӣ бархезад. Шоҳ Доро ба айшу нўш шуғл кард, мо бепарво шудем:
«Шоҳ сомон кунад ҳамаро.» Ба чунин рўз расидем; рў аз сарвар тофтем.
— Ў сарвар набошад моро! – садо баланд кард Бесус.
— Оре, сарвар набошад, аммо чун шоҳ аст, агарчӣ хўса, сарвар бошад. Беҳашро бояд пайдо кард… Мо чун Боҳуй маккориҳо надорем; агар дорем, набояд чунон хидмати хирсона кард, ки ў кард; шоҳони ҳахоманиширо кушт… Аз дудмони Куруш касе намонд… Ба чунин рўз расидем.
— Бесус хубтар аз Дорост!
Падар хомўш бимонд аз ҳарфи писар ва вонамуд мекард, ки аз хусуси сухани ў фикр дорад. Ба Бесус нигарист, ки болои баландаш дуто гашта, сараш ба сақфи хайма расад. Сипаҳсолор ишора бар он кард:
— Ё бинишинем ё бадар шавем. Гардани Бесус озор гирифт.
— Шумо бароед, сипаҳсолор, – то ба дил нагирад, афзуд: — Бо писар рой бизанед, ман хоҳам омад.
Ортабоз яқин кард, ки гуфтаҳояш хуш наомад волиро. Аз ин рў бурун рафтанро авло донист. Ў хомўш писарро пеш андохта бадар аз пардасаро рафт ва дарёфт, ки миёни обу оташ монда.
Дар зиндагиаш мушкилтарин ва ногувортарин лаҳза пеш омада:
«Ё худашро биовар ё сарашро!» ҳукми шоҳ чунин бувад. Аммо падар чун кунад бо писар, ки Кова барои писар пешгири чармӣ дирафш карда бар зидди Заҳҳок бархоста.
Чун аз хиргоҳ бурун омаданд, сари падар хам буд ва сари писар баланд. Зеро падар андешаи зиёд дошт, вале писар гумон, ки падар дидорбинӣ омада ва ё ройсозӣ; шояд созгор низ бошад бо онҳо. Падару писар паҳлўи ҳам гом мезаданд хомўш. Сипоҳи савораи се ҳазору се садаи Набарзан, сипоҳи савораву пиёдаи Бесуси Бохтарӣ, фавҷи боқимондаи эронии Ориёбарзан, инчунин гурўҳу фавҷу дастаҳои дигар сари по буданд. Ва сафу радда ороста, қисмҳо андар канор як-як «Зиҳӣ сипаҳсолорро!» мегуфтанд.

пешина
аз 391
навбатӣ