Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Писари шумо ба пешвози Искандар рафта, сипаҳсолор…»
Риштаи хаёли Ортабозро барканд нигаҳбон. Зеро Ортабоз писаронашро махсус илму таҷрибаи ҳарб омўхта буд, зеро дар лашкаркашиҳо аз кўдакӣ ширкат варзидаанд ва мактабу матлабаш ин буд, ки Эронро зиёдтар аз гавҳараки чашм нигоҳ бидоранд.
Шаҳрдори Эроншаҳр будани Ориёбарзан низ аз ин ҷост.
— Ба пешвози Искандар гўйӣ?
— Бале, сипаҳсолор.
— Ба ҷанги Искандар ё ба пазироии ў?
— Надонам… гумонам: ба пазиройӣ, зеро дар ҷанги тан ба тан зўраш ба Искандар нарасида буд.
Ортабоз аз чунин посух моту мабҳут монд. Беихтиёр инони Ҷиран суст шуд ва гўйӣ гурзе ба сараш хўрда бошад, ҳама андешаҳояш аз сар париданд ва аз сайҳаи асб ба худ омад:
«На-а-а! Ман писаронамро дар чунин рўҳ тарбия накардаам, ки бо дасти адаб кишвар ба душман диҳанд…. Онҳо бояд сар диҳанду кишвар надиҳанд! Аз куҷо овардӣ чунин?!»
— Гуфтанд маро, – китфон дарҳам кашида, – ман низ бовар надорам. Ориёбарзан нигаҳдори Эрон аст.
Ортабоз дарёфт, ки нигаҳбон обрўған карданист муносибатро.
Ба суханони ў бовар накарда, ба умеде, ки пураш Ориёбарзан миёни сипоҳ бошад, пурсид:
— Онон кистанд?
Нигаҳбон маънии пурси ўро дарёфт:
— Онон – Бесус, Набарзан…
— Бесус? Набарзан?… Пас Ориёбарзан низ бояд он ҷо бошад.
Нигаҳбон хомўш монд ва сум задану бинӣ афшондани Ҷиранро дида, фармуд:
— Ҷонвар чӣ бўе шунида.
— Асби Ориёбарзан аст, шояд бўйи ўро шунида. Рухсат бошад, назди онҳо биравам.
— Ку бипурсам.
Нигаҳбон рў сўйи сипоҳ овард ва дидбони аввалро садо дардод:
— Сипаҳсолор Ортабоз омада!
Дидбони аввал рў ба дидбони дигар оварда такрор кард ва садо даҳон ба даҳон расид то Бесус. Ва посухи Бесус омад то нигаҳбон:
«Биёяд!»
Ортабоз пошна зад Ҷиранро. Чашм чаронда то саропардаи Бесус омад, ки ин лаҳза писараш Ориёбарзан ўро дида тозон меомада бошад. Писар пайдо набуд. Волии Бохтар Бесус ўро ёри Дорои Кудумон шумурда аз хиргоҳ бурун наомад. Чун дарпардаи саро якбара гашту пардадор рў ба волӣ овард, волӣ фармуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор