Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳ Доро пиндошт, ки ин ҳама чеҳраҳои нохубу нохуши воливу шаҳрдору сатрапҳои безеби аз итоати ў баромада ҳастанд. Ў дарёфт танҳоиашро ва ғурунгид: «Ин хел ки бошад, гирад, ҳамаашро гирад…» Ишора ба Искандар буд. Вале ояндаро низ андешид:
«Хазинадорро!»
Хазинадори ба кори хеш ҳушёр ҳозир шуд: «Симу зари хазина бор ба уштурон кунед!» Чун хазинадору сорбон қофила бастанд, ў назди шоҳ омад:
— Шоҳо, ҳафт ҳазор толон бар сутурон бор баста шуд…
Шоҳи танҳо, ки ҷавшан ба бар, хўд бар сар ва шамшер дар камар дошт бо ишораи сар миннатдории хешро баён кард ва фармуд, ки ў озод аст. Хазинадор аз карда пушаймон сахт гирифтор гашт ва сар андохт ва шарорае дар сараш дурахшид, ки гарди хазина монда ва дар гўшае охурчае ҳаст, ки чун зармояи хазина ҷавоҳир боқист. Бо вуҷуди он хашм гирифт аз носипосии шоҳ: «Ҳанўз корвон дур нарафта, сари он сўйи дигар бояд гардонд…»
— Ту ҳамроҳи шоҳӣ ё ҳамроҳи онҳо? – аз роҳаш боздошта пурсид шоҳ.
— Ҳамроҳи шумо, – кўтоҳ посух дод ва баъд андешид, ки Онҳо кистанд?
— Онҳо? Онҳо – ёрони Искандар… Касоне, ки Эронро хиёнаткоранд…
Солори хазина ҳайратзада бозистод. Чун шоҳ хомўш буд, таъзим баҷо овард ва бирафт. Зеро калиди хазина дар дасташ буд…
Аммо чун дари ганҷина кушод, аз паси хазинаи бепосбон девор сўрох шуда ва танҳо нуре раҳ ёфта, ки умре роҳ наёфта буд…
Хазинасолори ганҷгумкардаро чун дарвеши ганҷёфта ақл коста гашт ва аз дар омаду аз сўрохӣ баромад…
Шоҳи мусаллаҳ, ки рўйин метофт, зинаву поғундаҳои дижи пуршукўҳро гом зада ба саҳн омад ва ба онҳое, ки ўро кўчабоғи зинда сохта буданд, нанигариста, рост гузашт ва касеро чизе нагуфтаву нафармуда, ба гардунаи шоҳӣ савор шуд. Ҳолати шоҳро касе сарфаҳм намерафт, ҳатто худи худаш. Зеро чизе аён набуд ва ба кадом самт рў овардани шоҳро касе намедонист. Шоҳ Дороро таги дил сиёҳӣ бароварда, парешон гардонида буд. Равшан набуд, ки баъди ба гардуна бор шуданаш чӣ бояд бикунад. Ба пархош дарояд ё рў ба фирор орад. Назди сипоҳиёнро гузашта фармон фармояд ё пўзиш кунад. Зеро ҳоло танҳо овозаи омадани Искандар буд…
Қомат афрошт шоҳиашро дар назар дошта, аммо чизе аз ботин боздошт, то боло баландтар гирад. Гардан ёзид. Гарданаш низ кўтоҳӣ кард барои дуриҳоро дидан.

пешина
аз 391
навбатӣ