Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барқосо баргашта ба хоҷа нигарист шоҳ Доро ва шамшер биохт. Хоҷа ду даст бардошт:
— Санги вазнинро об набарад, шоҳ… Вале бояд бигўям, ки мўрчагон иттифоқ кардаанд, ҷойи гурез набувад.
— Хоҷа низ ҷонибдор, ки зимоми давлату кишвар волии Бохтар Бесусро бидиҳам? Баъд хешро дор кашам?!
— Аҳура Маздои Бузургу доно нигаҳдор бод! Гардани шумо зеби дор набувад. Зебанда дорро гарданони фароз зиёданд… Шумо танҳо ба хотири пойдории Эрон муваққатан ҳокимиятро ба Бесус бидиҳед…
— Шумо хоинони Ватан!!!
Шамшери охта ҷавлон дода сўйи онон омад. Хоҷаву сарпос гурехтанд…
— Надонистам, ки дар остин мору каҷдум парваридаам! Ба шумо бовар кардам!
Ва зад ғурфаро бо шамшер. Шишаҳо рехтанд. Ба Кўшк нигарист. Онҳо механдиданд ба ҳоли шоҳ. Ў ба худ омад ва беҳушона фарёд зад:
— Кишвар дар хатар аст!… Шумо саркашӣ доред! Дар сурате ки кишвар дар хатар аст, касе ҳақ надорад, ки аз ҳимояи он рўй гардонад! – Онҳо баробар ва баланд хандиданд. Шоҳ Доро сар баровард аз ғурфа ва дар ҳолате истод, ки хешро ба зер меандохта бошад. Аммо ним берун ва аз миён поён дарун фармуд:
— Дўстон! Ман ба Эрон ва эрониён хиёнат накардаам!… Дар чунин вазъу ҳол кишвар ба душман нагузоред!!!
Онҳо баландтар хандиданд. Вазъу ҳолат ва ифодаву ишораи онҳо намоишномаҳои мазҳакавии театрҳои саҳроии Юнонро мемонд ва хеле ҷолибу коргар буд касеро, ки аз канор медид.
— Нахандед, дўстон! Агар шумо ин ҳамаро масхара пиндоред, ман тани танҳо бо Искандар хоҳам размид!
— Зиҳӣ қаҳрамонро!
— Офарин яли тавоноро!!
— … далеру паҳлавонро!!!
Садоҳои дигар зиёд буданд ва шоҳ Доро намешунид ва ё ношунида мегирифт таънаву кинаҳои онҳоро. Аммо ба назари ҳама масхарабоз метофтанд ва яке дар либоси хеш набуд. Палангинапўш, гургинапўш, хирсинапўш, пўстинпўш ва чарминапўш менамуданд ва сураташон низ ба пўсташон созгор буд. Шоҳ Доро бурунтар овард сару сарсина ва бодиққат нигарист ба тўдаи даррандагон, ки мераванд якҷоя аз оилаҳои гуногун… Баргашта ба хоҷаву сарпос нигарист, то онон низ тамошо кунанд ин тўдаи сарҳўй ва нотандеҳро… аммо хоҷаву сарпос набуданд.
Бисфан буд он ҷо. Бисфан пушаймон аз омаданаш, чун шағоли рамида, хешро дар кунҷе кашида, ҳама рафтору кирдори шоҳро тамошо кард, вале маълум набуд, ки шод аст аз омаданаш ва ё ношод.

пешина
аз 391
навбатӣ