Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— На, шоҳ. Ман Бисфан аз дудмони Ҳахоманишиён, пури Ваҳуко Ардашери Саввум, шоҳаншоҳи Эрон!
— Бош! Вале чӣ зарурате?
— Зарурате набувад. Дилам ба шумо сўзад ва имонам барои Эрон бошад.
— Дилат маро насўзад; дилсўзон зиёданд. Ман хешро сару сомон хоҳам кард. Бигўй, ки чӣ некӣ кунам бароят?
— Маро чизе зарур набувад. Агар коре карда метавонед, барои Эрон бикунед. Эронро аз вартаи ҳалокат бурун оред!
Шоҳ гирди хеш давр гашт ҷувозак ва таҳаммул дошт, ки чаро ин ҷавон ҳарфро нафаҳмад ва ё муродашро фаҳмонда натавонад ва агар хобҳои рўъёйӣ дида, пиндорад, ки Эрон рўйи «вартаи ҳалокат» парвоз кунад, чизеро дарку дарёфт карда натавонад ва Доро чизе нафаҳмад аз дархости ў.
— Хобҳои рўъёйӣ дидайӣ ва тарсидайӣ?
— Аз чӣ?
— Аз он ки Эрон рўйи қаъре парвоз дорад ва ана-ана чун мурғи тирхўрда ба жарф фурў равад.
Бисфан ҳайрон ба рўйи шоҳ нигарист. Хомўш буд ва надониста, ки чӣ бигўяд… Боз такрор кард:
— Искандар ояд. Чун бало ояд; ҳамаро зеру забар карда ояд ва Эрон ҳалок шавад.
Шоҳ хандид ва наздик омада ба гўши Бисфан оҳиста гуфт:
«Васвос шудайӣ.»
Бисфан ҳайронтар ва норозиёна ба чашми шоҳ нигарист. Шоҳ афзуд:
— Гўйӣ, ки аз тухмаи Ҳахоманиш ҳастӣ ва чӣ гуна аз омадани як тан тарсӣ?
— Иқрор кунам, ки аз тухмаи Ҳахоманиш ҳастам ва аз касе натарсам… Тарсам он бошад, ки Эрон вайрон шавад ва юнониҳо ҳукумат кунанд; занону духтарон гиранд, ҷавонон барда гарданд ва аз тухмаи Ҳахоманишиён ва аз наҷоди Курушу Дориюш ва Ардашерон касе намонад…
Доро боз хандид:
— Туро касе фармуда ба ин кор!
Бисфан гиря оғозид:
— На шоҳ, маро касе нафармуда. Дилам гувоҳӣ диҳад, ки чароғи фурўзони порсӣ хомўш гардад…
— Туро кӣ омўхта?
— Касе наёмўхта, шоҳи бузург. Дилам ба Эрон сўзад.
— Зиҳӣ туро! Агар ҳама чун ту буданд…
Каф кўбид шоҳ Доро ва сарпос ҳозир шуд, ки шоҳ чашмдор набуд.
— Бифармо ба сатрапу волиҳо, шаҳрдору низомиён ва солори сипоҳ, ҳама назди шоҳ оянд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор