Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Чӣ гуфтӣ?
— Ҳеҷ… Андеша дорам.
— Андеша дорӣ? Чӣ андеша дорӣ?
— Андеша дорам, ки онҳо ҳама дўстонатон; набояд шуморо зиён расонанд.
Доро хандид, даҳонаш хандид, дилаш нахандид:
— Дўстони ман… Ту низ дўсти ман. Лекин аз дилат чӣ мегузарад… медонам.
— Дар дили ман ҷуз некӣ чизе нест.
— На. Аз дасти ту ва Бесус ҳеҷ гоҳ некӣ наояд.
— Шшо… Шшоҳам.. Ма-ман дўсти шумо. Ин хел фикрҳоро…
— Бовар накун ба дўстат, коҳ ҷой кунад ба пўстат… Бидон, ки онҳо чӣ хоҳанд аз ман!
— Ба чашм! – дуто гашта пас-пас аз дар баромад хоҷа ва андеша дар сар дошт, ки чӣ гуна назди онҳо равад, то дурўя натобад.
Доро аз ғурфа медид, ки Моҳуй чӣ гуна ришак кашида, ҷониби онҳо меравад. Вале касе ўро дар нимароҳ боздошт. Ҷавоне буд ношинос ва осема метофт. Чизе гуфт, ки хоҷа сўйи тирезаи диж нигоҳ карда бо ишора муродро мефаҳмонд. Шоҳ Доро бодиққат сўйи эшон менигарист. Хоҷа сар меафшонд, вале чизе равшан нагашт шоҳро. Пардадор омад ва дўғ бар ҷавон зад:
— Маро гуфтӣ, ки шоҳро пайғом овардӣ, чаро хоҷаро гўйӣ?!
— Гумон кардам, шоҳ ин аст бо чунин дастҷома! – дониста ва ё надониста фармуд ҷавон.
Пардадор табассум кард ба сухани ҷавон ва аз китфи ў кашида сўйи диж бурд. Ўро дами дар гузошта, худ назди шоҳ Доро даромад:
— Ҷавоне омада, ҳоҷаташ муҳим ва танҳо бо шоҳаншоҳ гўяд.
— Бисанҷу бифармо!
Пардадор аз нав ҷавонро аз назар гузаронида – бадан ва зери пўшоку ҷайбашро хабар гирифта, қаноат бар ростиву дурустии ў карда, ишора ба вурўд намуд. Чу ҷавон шоҳ Дороро бар маснади шоҳаншоҳӣ дид, таъзим кард ва муддатҳо бо қомати дол истод.
Доро даст афшонд, то ҳоҷиб дарояд. Ҳоҷиб низ қомат дуто гирифт ва шоҳ рў ба ҷавон овард:
— Бифармо!
— Умри шоҳ дароз бод ва Эрон пойдор! Манам Бисфан пури Ваҳуко – шоҳ Ардашери Саввум…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор