Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Спитамони Суғдӣ чӣ гўяд?
Хомўшӣ. Касе посух надод. Шоҳ дарёфт, ки офшини суғдӣ нест, идома дод:
— Бесуси Бохтарӣ чӣ дорад?
Бесуси болобаланди пашмӣ оҳиста қомат рост кард:
— Ҳамаи бохтариён дар хидмати шоҳаншоҳи Эрон буванд, аз ҷумла се ҳазору сесад саворони чобук.
— Кам…
— Оре, ин рақам кам аст, шоҳаншоҳ… Пайғом омад, ки гурўҳҳои тоза аз Суғду Бохтар ва аз скифҳову масагетҳо даррасанд.
— Шуши нақд беҳ аз думбаи нася… Ва чаро пайғом маро неву туро омада?
— Пайғом шуморо омада, шоҳаншоҳ, вале пайкҳо моро пайдо карда ва гуфта, то шуморо расонем.
— Ҳммм… Писарони Ортабоз чӣ фармоянд?
— Умри шоҳаншоҳ дароз бод! Тану дурусту хотири ҷамъ дошта бошанд, ки писарони Ортабози корзордида Қофу Ориёбарзан ва Аршак дар хидмати шоҳи Порс ҳастанд…
— Ҳммм… Сатрапи тапуриҳо Автофрадатро мебинам (ў хезад), ҳокими Гирканиёву Парфиё Фратафернро низ (ў низ бо таъзим хезад), Сотибарзани Ориёйӣ ва Барзаенти Арахозӣ ва бисёр дўстону сарсипоҳон ва солорони фавҷҳоро мебинам, ки Эрон бо онҳо ифтихор дорад ва умеду армони ин кишвари муқаддасу номдори Рустами дастон ҳастанд. Чунин иттифоқ ва нерўи муқтадир ва беназир на танҳо роҳи лашкари Искандарро бандад, он тавонад ҳама гуна балоҳои осмониро низ рафъ кунад. Зиҳӣ сипоҳи Эронро!
— Зиҳӣ!
— Зиҳӣ!!
— Зиҳӣ!!!
— Зиҳӣ шоҳаншоҳро!
Шоҳ Дорои Саввум шодмон гашт аз чунин ҳолат ва болида рў ба аҳли толор овард:
— Бозхосте, пешниҳоде ва ё дархосте ҳаст?
— Агар шоҳаншоҳ рухсат фармоянд, – қомат рост карда пурсид Набарзан.
— Бифармо, сипаҳсолор!
Чунин солори сипоҳ ном бурдани шоҳ Набарзанро ҳозиринро ба ҷунбиш овард ва ба ҳамдигар рў овардану баногўшӣ карданҳо толорро низ.
— Агар шоҳаншоҳро малол наояд ва ба иззату нафсу обрўяшон халалгор набошад… бо машварати дўстон, салоҳияти сарону гарон пешниҳоде ҳаст…

пешина
аз 391
навбатӣ