Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳ табассум кард, аммо Бесус фарқ накард, ки заҳрханд буд ё шакарханд.
…Шоҳ Доро бовар накард ба суханони ў. Зеро алами Моҳуй ва таги дили Бесусро тахминан медонист:
— Ман дарду алами шуморо пай мебарам. Сари забонатон таҳқиру дашноми шоҳ бувад.
— На, шоҳ…
— Осуда бош! Ту нагўйӣ ҳам, ман медонам. Гумон дорӣ, хоҷа дар ду сарой гуноҳи маро бахшад? На-а-а!!! Дар ду ҷаҳон наёмурзад. Зеро шоҳ нохун аз гўшти ў ҷудо сохт. Гумонат дард накард?
А? Дард накард?!
— Набояд дард кунад. Зеро худи Моҳуй ин чизро хоста буд.
— Хоста бошад ҳам, дард кард, нахоста бошад ҳам, дард кард…
Ва бидон, ки ёри мори кушта то қасдашро наситонад, ором нагардад. Ин мори ало дандон дорад ба ман.
— Шоҳ чунин пиндоранд, аммо хоҷа хаёле надорад, ки шоҳро зиён оварад. Охир, хоҷаро ману шумо ахта накардаем; ин кори бародараш Боҳуй буд…
— Донӣ, ки чӣ гуна қасд аз бародар ситонд?
— Донам.
— Пас ман дуруст гўям: дар ин дунё ягон кори зишт бекайфар намонад…
— Ҳммм… Касе шоҳро хабаре оварда, аз дўстӣ на, аз душманӣ оварда.
— На. Касе чизе наоварда. Зеро ҳама донанд, ки шоҳ розбозонро бад бинад; розбононро эҳтиром кунад.
— Моҳуй, ки розбони шумост?
— Дуруст: Моҳуй розбони шоҳ бошад, вале бародари Боҳуй.
Садсола розро нигаҳ дорад; садсола кинаро фаромўш накунад.
— Шоҳро аёнтар бошад. Ба мушоҳидаи ман, Моҳуй вафодор бувад шоҳро.
— Ҳамаи шумо вафодор намоед, шоҳро; то замоне ки аз шамшери шоҳ хун чакад ва аз саратон зар резад, шумо вафодор.
Чун шоҳро танг омад, ҳамаатон ҷафодор…
— Чунин андеша аз куҷо омада ба сари шоҳ?
— Охир, шумо танҳо худатонро мебинед, зеро солори мамлакат нестед. Шумо як нафар нонхўри кишвар, як нафар ҷоҳхоҳ… Аммо чун андаке нобарорӣ пеш омад, ҳама ҷурму гуноҳро чун оби сард аз сари шоҳ мерезед; андеша надоред, ки чун ташна будед, аз он зарф шумо низ об хўрдаед; шумо низ мушт ба сари сина задаед, ки ватандор ҳастед; марзу бум ҳифзу ҳимоя хоҳед кард… Замоне ки шоҳ ба корзор мерафт, ҳама шаҳрдору волиён сари суҷуд доштанд ва рикоби ў медоштанд, ки султони олам пирўз хоҳад шуд; онҳо чун хидматгузор боқӣ хоҳанд монд. Инак, ки аз нобарорӣ ва ноёварии онон шоҳ ақиб нишаста, ҳар шоҳу гадо ўро бозпурс кунад; дасту дил аз ў шўяд.

пешина
аз 391
навбатӣ