Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Аз они ман!» Вале ҷайбу оғўшу кафонаш намебурд, то ҳамаи онро бардорад… Яке ба худ омад; кӣ буданашро дарёфт; ғурураш боло гирифт ва як бори дигар нигарист ба бардоштаҳояш ва пош дод: «Инҳо маро лозим нестанд!» Сар баланд дошта гўё хазинаро тамошо дошт. Аммо нури чашми дилаш ҳама гарди хазинаро андуда мегузашт чу нури офтоб.
Ва беруни саро уштурони бешумор фўкҳо сўйи осмон гўшҳои хурдашонро чур карда, наъра доштанду кафшер. Ва бо навбат ших мешуданду ба по рост. Бор бар дўш гирифта, аз дарвозаи хазина дуртар мерафтанд ва маҳори яке баста мешуд ба пордуми дигаре. Пешкорон саночу машку тулум ва сандуқу ҳуққаву коло ва тубраҳои зару зевар бар дўш, базўр пой бар пой зада то назди сутурон меомаданд. Ва Искандар сарбозеро дид, ки тубраи гаронвазнро базўр сари дўш бардошта меовард. Шоҳ пеш омада аз зери манаҳи ў нигарист; заҳмати зиёди ўро дида, барои рўҳбаланд кардани дигарон бар китфи чапи ў тап-тап зад: «Ин насиби туст; барои худат бубар!»
Сарбоз тубра аз сари китф ба замин ниҳод ва дерёз ба шоҳ нигариста, сар такон дод:
— На… Дар рагҳои ман хуни мақдунӣ ҷорист. Ман Искандарро гуфта омадам, на тиллоро… Агар шоҳи мақдунӣ бимирад, ҳамроҳаш мемирам, агар ба Мақдуниё баргардад, ёри ў хоҳам баргашт.
Искандар ба барфобаи аз пайи пойи сарбозон ҷоригашта дида дўхт ва дар дилаш чӣ дарду эҳсос пайдо гашт, ки сар ҷунбонд:
— Чӣ ном дорӣ?
— Александр.
— Тубраро ба дўшат бардорам?
— На. Худам бардорам…
Ва дигарон шерак шуданду бо азобу машаққат коргар, ки эшонро низ эҳдо гардад тубраи зар, вале дигар аз санг оташ напарид.
Фрадат Искандарро ба гўшае бурд, ки варақҳои сапеди зиёд ва хеле бузург рахт зада буданд. Ин авроқ дувоздаҳ ҳазор пўсти ошдода ва даббоғикардаи гов буд. Пўстҳои сапед ва рахзада чандин ҷилди китоби бузургро пеши назар меовард. Искандар варақеро бардошт, ки нарму сабук ва бо хати порсӣ набиштае дошт бо зар.
— Ин чист? – аз хату варақ дида тиллояш бештар ўро мутаваҷҷеҳ гардонд.
1
— Ин китоби муқаддаси зартуштиён, ки «Авесто» ном дорад. Худои бузург Аҳура Маздо фиристода ва пайғамбари мо
- «Авесто» – Донишнома; Огоҳинома. Дар рўзгори бостон бисту як наск (китоб) дошта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор