Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Рост?
— Рост, Искандар.
Андар лабони шоҳи ҷавон низ табассум дамид ва Барзинро бўсиду гуфт:
— Баҳра аз таҷрибаи рўзгор бигир. Нахуст мебинам, вале шунида будам… Аммо зуд сарфаҳм нарафтам.
Даст бар шиками Барзин гузошта навозиш кард Искандар ва пуршаст аз саро бурун рафт. Каф кўфт: «Ҳамагонро бигўед ва фароғати дурўза эълом доред!»
Истироҳат эълом шуд ҳамагонро. Ва Искандар хушнудона дам гирифт дар чунин танаффус. Ҳама фикру андешаҳои ноҷо ва нозеб аз сараш дур шуд; орому осуда гашт; ба сурати ҷавонӣ омад. Зиёдтар навозиш кард Барзинро, аммо чизе нагуфт. Андарун шодмон буд ва ҳувайдо мегашт хушнудиаш дар чеҳраву андомаш.
Биталомусу Протейу Клит ва дигар дўстони ҷамолакиашро хонда, бодагусорӣ кард. Вале дигарон бо сарварии сипаҳсолор Пармониён омода гаштанд ба ҷанг: Амадҳои суфашакл манҷаниқҳо бар дўш бардошта то соҳили ҷазира оварданд; бурҷҳои тўпзан ҷо-ҷо нишонда шуданд, андар бандарҳо бурҷҳо бар киштиҳо савору устувор гаштанд; сипардорон, найзаварон, пиёданизомиёни бешумор андар хамгашту бандаргоҳҳову сари дамма ҷой гирифтанд; ва гўшбақимор буданд амру фармони лашкаркаши беназирро.
Тириёни шуҷоъ низ ба ҳифзу ҳимояи Ватан ҷон дар кафи даст гирифта, шаҳри ободон ва озодаву нотакрори хешро чун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ мекарданд ва умед ба деворҳои сахтбунёд ва пойдору дуқабатаи атрофи Тир доштанд. Зеро онҳо бо чунин умед шаҳрро аз Палетир ба ҷазира накўчонида буданд, ки ҳадафи тиру тўпи душманон гардад; бо чунин ният диж насохта буданд, то рўзе ба харобот бадал шавад; бо чунин армон сарсабз нагардонида буданд, ки рўзе хазон бипўшад… Онҳо тирҳои сўзон, машъалҳои фурўзон, қиру қатрони тафсон ва бисёр лавозимоти ҷангӣ муҳайё сохтаанд, то нобудии душманро ба кор ояд.
Искандари ҷавонро зан мебод; ҳолу аҳволи Барзини сарторик мусоидат накунад бо ў. Майли гетерҳоро дорад шоҳи ҷавон, вале чӣ андешаест, боздорадаш аз ин роҳ. Дилаш чизи дигар хоҳад, пояш аз пардасаро бурун наравад. Аз он ки Барзини нозанин бордор шуда аз ў, бўйи фарзанд расида ба димоғаш ва ё чизи дигаре? Магар Барзин андешаҳои ботинии ўро дар ҷабинаш бихонд, ки фармуд:
— Мабод, ки аз саро бадар шавӣ!
— То ту танҳо набошӣ? – шўхиомез пурсид Искандар.
— На!
— Ту дигар танҳо найӣ, ду ҷон дорӣ, – андешаи хуш омадаро гуфт, ба посухи Барзин эътиборе надода.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё