Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ў мазмуни пурси шоҳро нафаҳмид, тааҷҷуб кард. Вазир шарҳ дод:
— Шоҳ мепурсанд, ки чаро шаҳру диж бесоҳиб, магар хазина ҳам дар чунин ҳол аст?
Савор фармуд:
— Шаҳр бесоҳиб нест. Мардум дар хонаҳояшон пинҳонанд.
Фақат сарбозон гурехтаанд… Фрадати хазинадор бо чанд тан дўстон хазинаро нигаҳбонанд.
— Пас бирав, хазинадорро биовар!
Бо ишораи шоҳ Искандар чанд тан ҳамроҳи ў шуданд.
БАНДИ ШАШУМ
Дар канори рўдхонаи Куруш марғзори сабзу хурраме вуҷуд дошт. Андар миёни дарахтони тару тоза бинои чаҳоргўшае сохта буданд, ки деворҳои он низ аз санг бардошта шуда. Ва он толори Куруш ном дошт. Ин толор низ мисли толорҳои дигар зебо, зарнигору симкўб ва барҳаво буд. Андар миёнаи он пайкараи болдору фариштасурати Куруши Кабир рамзӣ афрошта, ки онро ифтихори оли Ҳахоманишиҳо медонистанд. Бар муҷассама боли уқоб руста буд, ки нишони баландпарвозӣ ва дар қабати баландтарини осмон маъво гузидани ин фариштаи болдор ба шумор мерафт. Инчунин нишони давлатдории Куруши беназир маҳсуб мешуд. Ҳайкал миғфари тиллоии шоҳаншоҳӣ бар сар дошт. Ва бар фарқи он бо хати мехӣ навиштае буд: «Нақши болдори Куруш». Колову бисоти ин толор камтар аз ашёъи толорҳои дигар набуд.
Дар толори дигар пайкараи Хишоёршо – тасхиркунандаи Юнон машҳур ба Ардашер – қомат афрохта буд бошукўҳ. Баробари дидани андоми сангини барои юнониён нобоб, ки тухми асирони юнониро андар мулки Порс бехта буд, чеҳраи шоҳи мақдуниро дигаргун кард. Ва даст пеши чашмон дошт, то сурати барояш хеле зиштро набинад. Ҳол он ки ҳар се – Файлақусу Хишоёршоҳу Искандар як кас буданд Юнону юнониёнро: бегона, истилогар ва золим. Бавижа сурати Хишоёршоҳ баъди бо асирони ҷафокашидаи юнонӣ вохўрдан Искандарро зишттар тофт. Инак гоҳ-гоҳ зоҳир мекард, ки сабабгори ба Машриқ лашкар кашидани шоҳи мақдунӣ ҳамин шоҳи ҷафопешаи Порс бошад.
«Барандозед!»
Кўтоҳ амр кард шоҳи мақдунӣ, ки подоши дар корзори Эллада кардаи Хишоёршоҳ чунин бошад.
Ҳамон замон сарбозон ба барафкандану шикастани нақши мутантан ва шукўҳманди шоҳаншоҳи Эрон машғул шуданд. Искандар оҳи сабук кашид. Вале ҳикмати Шарқро, ки «аз мурда қасд ситонидан некӣ надорад» мегуфтанд, намедонист. Шод буд, ки бо амри ў як симои таърихии порсӣ аз рўйи Замин зудуда мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор