Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва он гоҳ фурсат ғанимат ва созгор дониста, пурсид: «Зару зевар дар хоб чӣ маънӣ дорад?»
— Зару зевар тираранг буд ё тобнок? – ҳарчанд медонистанд, ки зару зевар дар хоб чӣ маънӣ дорад, барои шоҳи ҷавон ва меҳмони нохондаро наранҷонидан пурсиданд.
— Дурахшон…
— Бахти шоҳ тобон хоҳад буд чун дурахши тангаҳои осмонӣ.
Искандар медонист ин мазмунро ва аллакай самарашро дида буд, вале андешид, ки тангаҳои осмонӣ чӣ тангае ҳастанд. Тоқат карда натавонист, ки бояд донад; чӣ гунаанд он тангаҳо; агар воқеан тангаи тиллоянд, ба Осмон низ бояд рафт:
— Чӣ гуна тангаҳо?
Ситорашиносони бобулӣ дарёфтанд, ки шоҳи мақдунӣ бо суханпардозии шарқӣ балад нест; ҳар суханро ба аслаш фаҳмад.
— Он ситораҳое, ки мисли тангаҳои зарин гирду рахшонанд…
Искандар хиҷолат кашид аз нофаҳмии хеш, вале вонамуд накард:
— Май оред!!!
БАНДИ ЧАҲОРУМ
Искандар хуморшиканӣ кард ва ба худ омада, Шушро ёд овард, ки маснади ҳахоманишиҳо он ҷост ва шояд фузунтар аз хазинаи Бобул зару зевар дошта бошад. Корвони ҷангӣ баст сўйи Шуш. Ва чун аз марги нобарҷойи зани Доро Статира модари шоҳ сўгворӣ мекард, Сисигамбаро ба зайли дигар занҳо дар Бобул нагузошт, то аз дунбол биёянд, балки ҳамроҳи хеш гирифт. Инчунин гардунаи шоҳ Доро, сипару камон ва баъзе силоҳи ҷангии ўро, ки гоҳи гурез якҷоя бо хазинаи шоҳӣ ба даст афтода буданд, ба касе бовар накарда, ҳамроҳ мебурд.
Ба роҳ афтод башитоб, ки Дорои Кудумонро дарёфта модарашро месупорида бошад. Чун манзиле тай карданд, аз пеш ғуборе бархост маҳин ва тунук. Пештозҳо ба Искандар расониданд.
Наздиктар омад, яккатоз аст. Аввал ҷосус пиндоштанд. Пештар омад. Искандар шинохташ. Ў марди соҳибмансабе буд ҳамроҳи дастаи савори пештоз ва паёмовари мақдуниён рафта. Гурўҳро хазинадори Осиёи Сағир Филоксен сарвар буд. Онҳо барои донистани вазъ ва рўҳияи яке аз пойтахтҳои чаҳоргонаи Эрон шаҳри Шуш рафта буданд. Инчунин муроди сафар ҳифзу ҳимояи хазинаи қадимтарин шаҳри Порс буд.
— Чӣ дидиву чӣ донистӣ? – аз соҳибмансаб пурсид Искандар барои равшан кардани масъала.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо