Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро баъди сўхтани бешаи Лубнон мушкилоте пеш омада буд ва дору чўби корой пайдо кардан осон набуд.
Сохтмони дамма дубора сар шуд. Раву ои коргарон мўрчагонро мемонд. Баъд аз шаҳри куҳан то дамма дастрас саф истода ҳама чўбу чахсу сангу кулўхе, ки дар вайронаҳои Палетир буд, даст ба даст бурда ба дарё андохтанд ва роҳи даммаро баланд карданд.
Устоҳо бурҷу амад сохтанд, манҷаниқу аррода омода карданд ва наздик шуданд ба ҷазира. Бурҷҳои тўпзан баланд шуданд ва бар амадҳо устувор гаштанд.
Ба лашкаркаши бузург беэътинойӣ кардани тириён хории Искандарро овард. Ў донист, ки артиши баҳриро пурзўр бояд кард. Шоҳи ҷавон то алвақт ба артиши баҳриву ҷанги он аз пушти панҷа менигарист. Чун зўру зарур омад, ба ин кор сахт миён баст. Ба муқобили ҳаштод сафинаи ҷангиву боркаши тириён, ки роҳи даромади бандарҳоро бастаанд, нерў бояд фаро овард. Бо чунин ният Искандар бо фавҷи сипардорону найзаварон ба Судон бирафт, то киштиҳои финиқиёнро ҷамъ оварад. Чун финиқиён аз бохти ҷанги Йусус, фирори ноҷавонмардонаи шоҳ Дорои Саввум аз майдони набард дилмонда шуда буданд ва ҳокимону сатрапҳои шаҳрҳои назди баҳрӣ, инчунин шоҳи Кипр, аз сипаҳсолори Порс Фарнабози пури Ортабоз рў тофта буданд, ихтиёран ва пеши худ андар Судон ба шоҳ Искандари Мақдунӣ пайвастанд.
Аз Араду Библу Судон ҳаштод киштӣ омад, дувоздаҳ сафинаи родосӣ даррасид, аз Солу Малл се триера, аз Ликиё даҳ киштӣ ва аз Мақдуниё киштие омад, ки панҷоҳ қатор белзан дошт; инчунин шоҳони Кипр як саду бист сафина оварданд. Искандари пурхоҳ соҳиби артиши баҳрии пурзўре шуд. Илова бар ин сафири дар Пелопоннес буда ба Судон чаҳор ҳазор сарбозони кирояи эллинӣ овард, ки амнияти Искандару мақдуниёнро таъмин мекард, ба назари шоҳ хавфи тириён барҳам хўрда буд. Бо хотири ҷамъу осуда артиши баҳрии пуриқтидору беназирро дилпур аз Судон сўйи Тир ронд. Ў киштиву сафинаҳои ҷангиро ҷудо кард ба болҳо – ба ямину ясор. Майсараро ҳамсаф ва шахси мўътамади шоҳ Кратер ва шаҳрдори шаҳри Саламони ҷазираи Кипр Пнитагор фармонфармо буданд ва майманаро худи шоҳ Искандар.
Искандари пухтакор бо вуҷуди ба ҳамсафону ҳамнабардон бовар доштан хешро дар ҳама ҷабҳаву майдонҳо қалби сипоҳ медонист ва ҳозир буд дар ҳама ҷо. Артиши ҳарбии муттаҳидаи Финиқияву Кипру Мақдуниё ногоҳ пайдо шуданд андар паси деворҳои бандарҳо ва соҳили дарё. Чунин сурат гирифтани кор шаҳрдоронро посўхта кард. Боист, ки ҳар яке худ тозад ба лаби об, худ дифоъ кунад шаҳрро. Тириён низ ҳама киштиҳоро ҳушёру чолок муттаҳид сохтанд андар бандаргоҳҳо. Яктану якҷон омода гаштанд ба ҳимояи шаҳриён.

пешина
аз 391
навбатӣ