Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа
СУРАТГИР
(Ҳикоя)
Дар он вақт суратгирҳо кам буданд. Ба назди хонаамон суратгире омада гуфт:
– Сурат мегирем, марҳамат биёед!
Бо Сомон суратҳои зиёде гирифтем. Сомон суратҳоямонро ба хонаамон бурда, ба апаам дода гуфт:
– Апа, ана суратҳои Саид, пулашро диҳед, бурда ба суратгир диҳам.
Апаам, аз кор омада, хаставу асабӣ будааст. Сари қаҳр ба Сомон гуфтааст:
– На сураташ даркору на худаш, худат гиру ба хонаатон бар, ба худат лозим мешавад.
Сомон суратҳоро гирифта ба назди ман овард.
– Ҳаа... апаам пулашро надод, чӣ? – пурсидам аз Сомон.
– Не, аз куҷо, мегӯяд ки на сураташ даркору на худаш, – нороҳат шуда гуфт Сомон.
– Ҳоло мо ин пулро аз куҷо меёбем? – аз Сомон пурсидам.
– Э ҷӯра, биё, роҳи ҳалли мушкиламонро ёфтам, – баъди каме андеша бо хурсандӣ гуфт Сомон.
– Ин роҳи ҳал, чӣ бошад?
– Ту амаки суратгирро ба гап гир, ман рафта аз мағозаи ҷӯраи падарам бист сомонӣ қарз мегирам.
– Баъд мо ин пулро чӣ тавр бармегардонем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё