Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа
АНУШЕРВОН
(Ҳикоя)
Овози мошин аз пушти дарвоза ба гӯшам расид.
– Анушервон, канӣ дав, бачам, дарвозаро боз кун, дастони ман дар хамир аст, – гуфт модарам.
– Майлаш, очаҷон, – гуфта давон-давон рафта, дарвозаро боз кардам.
Падарам бо ҳамроҳи чанд бача мошинро тела карда истода буданд.
– Канӣ каме дигар тела кунед! – ба писарон мегуфт падарам.
– Эҳ, ана шуд! Раҳмати калон, бачаҳо, барои ёрдаматон! Онҳоро гусел карда, дарвозаро пӯшид падарам.
– Ассалом, падарҷон, ин мошини кист? – аз падарам пурсидам.
– Ин мошини дӯстам, писарҷон...
Падарам устои мошин буд. Азбаски мошини дӯсташ буд, хост ки онро на дар устохона, балки дар хонаамон таъмир кунад.
– Писарҷон, ман мошинро таъмир мекунам ба ман халал нарасон! Фаҳмидӣ?
– Бале, падарҷон. Рафта бозӣ мекунам.
Модарам барои истиқболи падарам ба назди мо омад ва каме бо падарам сӯҳбат карду рафт, то ба кораш идома диҳад.
Падарам ба таъмири мошин шурӯъ кард. Ман тоқат накарда, аз пушти дарахт каме ба падарам нигаристам. Оқибат ба назди ӯ рафтам.
– Падарҷон, ин чӣ аст? – гуфта ба як асбоб даст задам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё